ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ РОҲНАМОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ МЕБОШАД Январь 2, 2025 10:43 ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати таҳлилӣ ва стратегӣ на танҳо ҷамъбасти ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷумҳуриро дар бар мегирад, балки дурнамои рушду тараққиёти минбаъдаи мамлакатро низ муайян мекунад.
