САДА - ҶАШНВОРАЕ АНДАР СИТОИШИ ПИРӮЗИИ ГАРМӢ БАР САРДӢ, ОМОДАГӢ БА ОҒОЗИ КИШТУ КОР
Таърихан, дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон - Сада аз ҷашнҳои куҳани аҷдодони мо буда, вобаста ба мавсими таҷлилгирӣ аз рӯйи моҳият ва хусусиятгирӣ аз дигар ҷашнҳои миллӣ тафовут дорад. Ба маълумоти Фирдавсӣ – ин ҷашн ёдгории пуршукӯҳи Ҳушангшоҳи пешдодист, ки баробари пайдоиши оташ таҷлили он шурӯъ гашт. Бархеи дигар донишмандон оғози таҷлили ҷашни Садаро аз мағлубияти Заҳҳок ба дасти Фаридун ба риштаи таҳқиқи кашидаанд. Андешаи Фирдавсӣ андар ин боб ҳарчанд тобиши асотирӣ дорад, вале ба воқеият наздик аст.
