ВАҲДАТ – МАНШАИ САОДАТИ ҲАМЕШАГИИ МИЛЛАТ
Дар ҳошияи қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»
Соиб, насиҳатест зи соҳибдилон маро,
То сулҳ мумкин аст, макун ихтиёр баҳс.
Соиб
Ҷашни муқаддаси миллии тоҷикон – Ваҳдати миллӣ бо қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» тавъам омада, дар саҳифаҳои таърихи фарҳангу сиёсати ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши беназир хоҳад гузошт.
Барои миллати тоҷик басо фараҳбахш ва хурсандиовар аст, ки дар санаи 25 июни соли 2026 бо ибтикор ва пешниҳоди Сарвари кишварамон, Пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул гардид!
Қатъномаи мазкур ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ буда, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баҳри пойдории сулҳ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳими сиёсӣ дорад. Махсусан, дар рӯзҳое, ки дар якчанд минтақаҳои олам низоъҳои низомӣ миёни гурӯҳҳои гуногуни динӣ ва мазҳабӣ идома дошта, он ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдиду хатари ҷиддӣ дорад, қатъномаи болозикр метавонад ҷонибҳои ба муноқишакашидаро ба музокироти сиёсӣ даъват намояд ва то ба натиҷаи ниҳоӣ расидан ба сулҳи комил, дар нуқоти даргир мусоидат намояд.
Хусусан, муноқишаҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Шарқи Наздик миёни Исроил ва кишварҳои араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки солҳои дароз идома доранд, боиси бадбахтӣ ва муҳоҷирати ҳазорон мардуми оддӣ гардида, ҳамчунин зарари иҷтимоӣ ва иқтисодии он хеле бузург буда, ба музокирот ва сулҳ эҳтиёҷи зиёд дорад.
Ҳамчунин, кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон солҳои зиёдест, ки яке аз нуқоти доғи моил ба муноқишаҳои мазҳабӣ ва низомӣ аст. Дар ин кишвар ҳуқуқҳои занон ва ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ аз тарафи гурӯҳи ҳоким – толибон умуман риоя намешаванд ва даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои зиёд аст, ки беҷавоб боқӣ мемонанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки давлати ҳамсояи мо – Афғонистон дар фазои сулҳу субот қарор дошта бошад ва аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоӣ рушд намуда, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои беҳтарини сиёсӣ ва фарҳангӣ дошта бошад.
Ба ғайр аз ин, чунин муносибатҳои сулҳомез байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ айни замон муҳим ва зарур аст. Чунки сулҳу субот шарти асосии шукуфоии ҳар як давлат ва миллат аст!
Бояд қайд кард, ки ибтикор ва пешниҳоди Пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ин ҷасорат ва ғайрати беназир, фарҳанги баланди сиёсии сулҳпарварона ва далели таҷрибаи камназири гуманистию таҳаммулпазирии Пешвои миллат мебошад.
Далели аз ҳама муҳим бошад, ин сухани таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам»-и Пешвои миллат буд, ки аз шуҷоати нотакрор, масъулият, иродаи қавии роҳбари сиёсӣ, эҳтиром ва муҳаббат ба Ватану миллати худ дарак дода, ҳар як фарди солимақли тоҷикро барои ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи ин Ватан ва арзишҳои миллии он раҳнамо мегардонад.
Дар байни қишрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили ирқу нажоди мухталиф, намояндагони бовару эътиқодҳои гуногун, миллату халқиятҳои олам танҳо сулҳ боиси муколамаю гуфтугӯи тамаддунҳо, равобити фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ гардида, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсониятро таъмин месозад.
Саидҷаъфарова Парвина Шовалиевна – н.и.ф.,мудири Шуъбаи онтология, гносеология
ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
