Skip to main content
Мақолаҳо

ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ФАРД - СУТУНҲОИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддие маҳсуб мешаванд, ки амнияти фард, ҷомеа ва давлатро зери хатар мегузоранд. Ин ду падида, бо вуҷуди тафовутҳои шаклӣ, дар асл ду рӯйи як тангаанд.

Ҳадафи ниҳоии онҳо ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва густариши тарсу ҳарос дар байни мардум аст. Экстремизм ё ифротгароӣ ин майл ба ақидаву амалҳои тундравона, таассуби шадид дар эътиқод ва инкори меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеа мебошад.

Мақолаҳо

РУШД ВА ТАҲАВВУЛИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУР ИИТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ

Фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад ва барои шинохти оламу инсон ва рушди ҷомеа вазифаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла: вазифаи маърифатӣ, тарбиявӣ, иртиботӣ, иттилоотӣ, танзимнамоӣ, мутобиқсозӣ, меъёрӣ ва ғайраро иҷро мекунад. Дар баробари вазифаҳои мушаххасгашта, инчунин фарҳанг дорои навъҳои махсус аст, ки онҳоро вобаста ба самт ва хусусиятгирӣ метавон ба таври зайл гурўҳбандӣ намуд: фарҳанги этникӣ, фарҳанги авомона, фарҳанги ашрофона (элитарӣ), фарҳанги минтақавӣ, фарҳанги миллӣ, фарҳанги умумибашарӣ ва ғайра.
Мақолаҳо

ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ХУРОФОТПАРАСТӢ ВА ИФРОТГАРОӢ

Дар замони муосир илм ба суръати кайҳонӣ рушд намудаистодааст. Олимон дар тамоми соҳаҳо кашфиёту ихтироот ва андешаҳои нави илмиро ба вуҷуд овардаистодаанд. Чун дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин омилҳо рушд додани ҷаҳонбинии илмӣ аст.

Одатан маҷмуи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва ғайриилмӣ бошад.

Мақолаҳо

БИОТЕРРОРИЗМ

Мусаллаҳгардонии нав, силоҳҳо ва фановариҳои микробӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои террористӣ қарор гирифтааст. Метавон бо ҷуръат гуфт, ки яроқҳои ҳастаӣ дигар як хатари аслӣ нестанд ва танҳо як қудрати потенсиалӣ ба ҳисоб мераванд.

Имкони зиёд аст, ки бештари кишварҳое, ки соҳиби ингуна силоҳҳо ҳастанд, ба осонӣ наметавонанд аз онҳо бар зидди душманони худ истифода намоянд, зеро оқибатҳои фарогирии истифодаи ингуна силоҳҳо чунон густурда аст, ки қисмати бузурги ҷаҳонро дарбар хоҳад гирифт.

Мақолаҳо

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ КИШВАР, НИШОНАЕ АЗ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Бахшида ба рӯзи пойтахт

123Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз, макони мардони қавӣ, ҷавонмардони бо ору номуси миллат ва модарону хоҳарони боиффат мебошад, ки барои ободии он онҳо меҳнату заҳмати зиёде кашидаанд.

Мақолаҳо

НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Оила ҳамчун ниҳоди бунёдӣ ва пойдевори асосии ташаккули инсон, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар як шахс дар ин муҳити иҷтимоии хурд ба воя расида, ҳамчун сармояи рушди ҷомеа ва давлат ба камол мерасад. Маҳз дар муҳити оилавӣ инсон ба ҳайси шахсият ташаккул ёфта, ба низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ворид мегардад.

Аз ин рӯ, ташаккули шахс, рушди устувори ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи рушд, устуворӣ ва фарҳанги оила вобаста мебошад.

Мақолаҳо

ДОНИШМАНД ВА БОНУСУХАНВАРИ ТОҶИК

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони муҳаҳҳиҳ ва олимаро ояндаи илми тоҷик номида, барои дастгирии фаъолияти илмии онҳо шароит фароҳам меоранд ва суханрониҳои сарвари давлат ҳамеша бар ин асос ёфтаанд: «Зани донишманд боиси ифтихори миллат ва омили пешрафти ҷомеа аст».
Subscribe to Мақолаҳо
23121