Skip to main content

ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ХУРОФОТПАРАСТӢ ВА ИФРОТГАРОӢ

Дар замони муосир илм ба суръати кайҳонӣ рушд намудаистодааст. Олимон дар тамоми соҳаҳо кашфиёту ихтироот ва андешаҳои нави илмиро ба вуҷуд овардаистодаанд. Чун дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин омилҳо рушд додани ҷаҳонбинии илмӣ аст.

Одатан маҷмуи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта, чунин дидеро дар бораи олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванди ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Бе ҷаҳонбинии илмӣ рушду пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро ба андешаи Пешвои миллат “Танҳо илм пеши роҳи хурофоту ҷаҳолатро гирифта метавонад”.

Таҷриба нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки аз нигоҳи илмӣ пешрафтаанд, дар онҳо хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ қариб, ки дида намешавад, зеро хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ бештар дар заминаи нодонӣ, саводнокии пасти илмӣ мегиранд. Ҷаҳонбинии илмӣ ба инсон имкон медиҳад, ки падидаҳоро дуруст дарк кунад ва фирефтаи ғояҳои хурофотӣ нагардад, зеро шахси донишманд дорои тафаккури интиқодӣ буда, ҳама гуна иттилоотро таҳлил мекунад, савол медиҳад ва таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён ва ё зери таъсири андешаҳои хурофотӣ қарор намегирад.

Имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷомеаи мо ин хурофотпарастӣ, тақлиди куркурона ва бегонапарастӣ мебошад, ки то андозае ҷомеаро нигарон кардааст. Барои ҳалли чунин мушкилоти ҷомеа олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки беш аз пеш ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа машғул гарданд ва тавассути таҳқиқоти илмии бунёдию татбиқӣ, оммависозии дастовардҳои илми муосир, барои расидан ба рушди устувори давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.Халқи тоҷик аз қадим дорои абармардони зубург дар тамоми соҳаҳо буд.

Дар ин ҷода ҷомеаро зарур аст, ки назар ба пайравӣ аз андешаҳои авомфиребонаи хуруфотпарастӣ ба илм рӯй оваранд ва бештар ба қишри соҳибилми ҷомеа таваҷҷуҳ намоянд, то хурофотпарастӣ ва андешаҳои ифротиро решакан созанд. Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати илмдӯстонаи Пешвои миллат назар ба солҳои пеш ба илм ва омӯзиш диққати бештар дода, барои рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонону наврасон корҳои назаррасеро анҷом додаанд.

Ба роҳ мондани як қатор озмӯнҳо, сохтани мактабҳои замонавӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва ғайраҳо боиси пешрафти илм ва рушди ҷаҳонбинии илмию ахлоқии ҷавонону наврасон гаштааст. Дар баробари ин ҳама ғамхориҳо ҷомеа, ки давомдиҳандаи ин мероси бузург ба ҳисоб мераванд, бояд рӯ ба ҷаҳонбинии илмӣ бештар биёранд ва андешаҳои хурофотию ифротиро решакан созанд.

Мезасад, ки барои рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа аз осори арзишманди донишмандони гузаштав ба монанди Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Асадии Тусӣ, Насируддини Тусӣ, Закариёи Розӣ ва ҳатто аз осори гаронарзиши донишмандони имрӯза, хоссатан осори Пешвои миллат, ба монанди “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, инчунин осори донишмандони дигар, ба монанди Мусо Диноршоев, Кароматулло Олимов, Саъдулло Раҳимов, Хушвақтзода Қобилҷон, Рамазон Назариев, Муҳиба Маҳмадҷонова, Маҳмадизода Нозим ва дигарон, ки дар соҳаҳои гуногун осори илмӣ навиштаанд ва ин осор метавонанд дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ нақш дошта бошанд, истифода намуд.

Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123