РУШД ВА ТАҲАВВУЛИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУР ИИТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ
Фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад ва барои шинохти оламу инсон ва рушди ҷомеа вазифаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла: вазифаи маърифатӣ, тарбиявӣ, иртиботӣ, иттилоотӣ, танзимнамоӣ, мутобиқсозӣ, меъёрӣ ва ғайраро иҷро мекунад. Дар баробари вазифаҳои мушаххасгашта, инчунин фарҳанг дорои навъҳои махсус аст, ки онҳоро вобаста ба самт ва хусусиятгирӣ метавон ба таври зайл гурўҳбандӣ намуд: фарҳанги этникӣ, фарҳанги авомона, фарҳанги ашрофона (элитарӣ), фарҳанги минтақавӣ, фарҳанги миллӣ, фарҳанги умумибашарӣ ва ғайра. Фарҳанги миллӣ яке аз таркибҳои асосии фарҳанг ба ҳисоб меравад.
Бахусус, фарҳанги миллӣ соҳаи муҳимми фарҳанг ба ҳисоб рафта, заминаи ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳё, нигоҳдоранда ва рушддиҳандаи мероси фарҳангии ҳар як миллат мебошад, ки рушд ва таҳҳаввули он аз дуруст ба роҳ мондани сиёсати фарҳангӣ вобастагӣ дорад. Фарҳанги миллӣ ҷаҳонбинии таърихан инкишофёфтаи як халқ дар доираи арзишҳои офаридаи худ, синтези фарҳангҳои табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар дохили як ҷомеа ё миллат аст. Он маҷмуи соҳаҳои рӯзмарра ва махсусгардонидашудаи фарҳанги як ҷомеаи миллӣ, ки нишонаҳои иҷтимоӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ, забонии одамонро ифода мекунад, дорои сохтори мураккаби иҷтимоӣ ва созмони давлатию сиёсӣ мебошад, дар бар мегирад. Шакли олии рушди фарҳанги этникӣ, ифодакунандаи нишонаи асолат ва ҳувияти ин ё он миллат дар раванди таърих аст.
Бояд қайд кард, ки истиқлол барои ҳар як миллат ин як давраи рушд ва таҳаввул, махсусан шинохт ва ташаккули ҳувияти миллӣ аст. Барои Мардуми Тоҷикистон истиқлол пададаи нодир, неъмати бебаҳо мебошад, ки дар марҳалаи аввал, давлатдории миллиро асос гузошт. Дуюм, идеяи миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти тоҷиконро ташаккул ва таҳким бахшид. Тафаккур ва дидгоҳи мардумро нисбат ба давлат, халқ, миллат, забону фарҳанг, анъанаву расму ойинҳо дигаргун кард.
Ба мазмуни дигар, истиқлол дар низоми давлатдории миллии тоҷикон як раванд аст, ки тафаккури арзишшиносии мардумро такмил дод, онҳоро ба худшиносию худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ ҳидоят намуд. Заминаи асосии ташаккули ҳувият, хештаншиносист, ҳуқуқ, озодиҳои ақидатӣ, баён, зиндагии инсонро таъмин менамояд. Ё худ, истиқлол «он озодии инсон аст, ки дар ҷомеа зиндагӣ карда, қоидаву қонунҳои онро бояд дониста, мувофиқ ба онҳо амал намояд, роҳеро бояд пеш гирад, ки ба рушди шахсияту ҷомеа монеа эҷод накунад, фаъолияти худро ба ҳифзи арзишҳои худӣ, миллат ва аҳли башар равона дорад».
Ба маънои нисбатан васеътари фалсафӣ истиқлол падидаи наҷотбахши миллат аз нобудӣ ва маҳвшавӣ, раҳоибахши давлат аз тобеиятӣ ба дигарон, таҳкимбахши мустақилияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Падидаест, ки бо ба даст овардани он ҳар як миллат ё давлати миллӣ метавонад сарнавишти сиёӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро бидуни тобеият аз идеология ва ё фишорҳои дигарон, мустақилона муайян намояд. Имконият медиҳад, ки давлати миллӣ низоми давлатдорӣ, сохтор ва принсипҳои идоракунии худро дар заминаи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва омезиш додани онҳо бо арзишҳои фарҳангии ҷомеаи муосир, муайян намояд. Қарору қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои дарозмуҳлату миёнамуҳлат ва ё кутоҳмуҳлат таҳия ва қабул карда, ҳудуд, таърих, забон, арзишҳои фарҳангиашро соҳибӣ намояд, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро тибқи муқаррарот ба роҳ монад.
Истиқлоли давлатӣ барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо хусусиятгириҳои муҳимми худ пеш аз ҳама ба он мусоидат кард, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, вазифаи забони расмӣ-давлатдориро иҷро намояд. Расму анъанаҳо, ҷашнҳои аҷдодӣ эҳё ёфта, рушд кунанд, ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ азнавсозӣ ва барқарор гарданд, арзишҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шуда, ба мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гарданд ва ғайра. Тақвияти ин гуфтаҳоро бо як андешаи Пешвои миллат, ки дар бобати арзиши бегазанд доштани падидаи истиқлол баён кардаанд, метавон равшанӣ бахшид, ки муҳтавои он чунин аст: «Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам овард ва дар ориёшиносӣ ва ё эронишиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо кард».
Аз ҷанбаи иқтисодӣ, тавассути ба даст овардани истиқлол давлатдории миллии тоҷикон ҳуқуқ пайдо кард, ки сарватҳои табиии худро ҳифз кунад, барои рушди ҷомеа истифода барад, модели иқтисодии дурнамои рушди худро тарҳрезӣ созад ва манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, шароитро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, муҳайё созад. Инчунин, арзиши баланди инсонӣ ва ё худ антропологии падидаи истиқлолро эътироф ва қадр кардани шаъну шарафи шаҳрвандон, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ифода менамояд. Аз ин рӯ, истиқлол танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки шараф аст, ҳувият аст ва шарти бақо ё ҷовидонагӣ барои миллати тоҷик мебошад.
Файласуфи маъруфи тоҷик К.Олимов мазмунан ва амалан мафҳуми истиқлолро барои миллати тоҷик давраи нави таърихӣ, ба даст овардани мустақилияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шуморида, ба он чунин баҳои воқеӣ медиҳад, ки «Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шудаанд».
Ба омӯзиши масъалаи мазкур донишманди тоҷик Т.Назаров низ дар асоси муқоиса намудани вазъи рушди фарҳанги миллӣ дар заминаи сиёсати хориҷии кишвар дар давраи Шӯравӣ ва замони истиқлол аҳамияти хосса дода, воқеъбинона менависад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС барои пешбурди сиёсати хориҷии худ мустақилият надошт. Агарчи аввалин кӯшишҳои додани истиқлол бештар ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои 50-уми асри гузашта, дар замони “Гармои хурушёвӣ” оғоз гардида, дар даврони “Бозсозии горбачёвӣ” идома ёфта буд, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз дарёфти истиқлолияти давлатӣ мустақил шуд”.
Воқеан, дар тафовут аз давраҳои дигари таърихӣ, махсусан давраи Шӯравӣ, ки шуури тақлидӣ, тафаккури таассубии то солҳои 20-уми асри XX, ки саросари қаламрави Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд, тағйир дод; дар низоми мактабу маориф, тағйиру такмили барнома ва нақшаҳои таълимӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, рушди илму фарҳанг, иқтисоду идора, дар маҷмуъ, соҳаи илму маориф ислоҳоти ҷиддиеро ворид намуд; тавассути ташкили рӯзҳои фарҳангии кишвар дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, намоишномаҳои театрию барномаҳои консертӣ ва ғайра барои муаррифӣ қардани дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар байни дигар халқиятҳо фазоро мусоид гардонид ва ғайра, давраи Истиқлол ва эъмори давлатдории миллӣ барои миллати тоҷик саҳифаи нодир ва сарнавиштсози таърихиро боз кард.
Мардуми фарҳангофари тоҷикро новобаста аз раванди ҷаҳонишавӣ, қудратталабии кишварҳои пешрафта, равнди босуръати бархӯрди тамаддунҳо - соҳиби давлати миллӣ гардонид. Ба ташаккули андеша, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, муаррифӣ кардани чеҳраҳои мондагори илму адаб, соҳибӣ кардани мероси моддию маънавии ниёгон ва ғайра фазои озоду имкониятҳои фарохро муҳайё сохт. Имконияти фарох дод, ки Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ, бахусус дар соҳаи фарҳанг бо кишварҳои ҳамҷавор, шарикии стратегидошта, ба роҳ монд. Дар баррасӣ ва ҳалли масоили хусусияти байналмилалидошта раъйи худро ба даст оварда, ҷойгоҳи махсусро соҳиб шавад, ки дар ин самт нақши калидиро бевосита Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бозиданд.
Ҳамин тавр, ба даст овардани истиқлоли барои миллати тоҷик имконият фарох овард, ки дар самти сиёсати фарҳангӣ тадбирҳои зиёд андешида, ба дастовардҳои назаррас нойил гардид. Баррасӣ ва таҳқиқи пурраи онҳо кори илмӣ-тадқиқотии алоҳидаро талаб менамояд, вале вобаста ба талаботи мақола месазад ба якчанд нуктаҳои муҳимм таваҷҷуҳ дод, ки бевосита дастовардҳои назарраси давраи истиқлол маҳсуб меёбанд. Онҳоро вобаста ба хусуиятгирӣ ба таври зайл гурўҳбандӣ менамоем:
1) Таҷлили таърихи таъсисёбии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд: 2500 – солагии шаҳри Истаравшан (соли 2002); 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006); 3000 – солагии шаҳри Ҳисор (2015); 5500 – солагии Саразм (соли 2020); эълон шудани Душанбе – пойтахти фарҳанги исломӣ (соли 2010) ва фарҳангии ИДМ (соли 2021); пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб (соли 2015); шаҳри таърихию бостонии тоҷикон эълон гардидани Хуҷанд (соли 2025); шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ эълон гаштани Панҷакент (соли 2025) ва ғайра.
Ҳақиқатан, ҳар як шаҳри қадима дорои бозёфтҳои нодири фарҳангӣ мебошанд, ки онҳо намунаи беҳамтои тамаддуни башариро ташкил медиҳанд. Масалан, шаҳри Саразм, ки таърихи 5500 – солагиаш таҷлил карда шуд – ёдгории давраи ориёӣ, таърихи зиндаи миллати тоҷик мебошад, ки дар он ҷо ҳанӯз 6000 сол пеш тамаддуни шаҳрсозӣ, кишварзӣ, ҳунармандӣ асос гузошта шуд буд. Беасос нест, ки Пешвои миллат шаҳри Саразмро «Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» унвон доданд. Ба андешаи фарҳангшиноси тоҷик Р.Амиров «Ҷашн гирифтани санаҳои муҳимми таърихӣ, ба мисли 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисори Шодмон, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии Юнеско дастгирӣ ёфт, таъриху фарҳанги кўҳан доштани миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ исбот намуд».
Ба андешаи мо таҷлили таърихи таъсисёбии шаҳрҳои қадимаи тоҷикон пеш аз ҳама як самти татбиқёбии сиёсати фарҳангии кишварро ифода медорад. Насли имрӯзи кишварро ба он ҳидоят мекунад, ки решаҳои гузаштаи миллии худро шиносанд, аз таҷрибаи гузашта сабақ андӯхта, ҳофизаи худро дар рӯҳияи ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ғанӣ гардонанд. Маърифати таърихии худро такмил дода, худшинос гарданд, то ҳувияти миллӣ ва фарҳангиашон ташаккул ёбад.
2) Арҷгузорӣ ба ёдгориҳои хаттӣ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таҷлили солгарди шахсиятҳои таърихӣ-сиёсӣ, нобиғаҳои илму фарҳанг. Аз ҷумла: баргузории ҷашнҳои 2700-солагии Авесто (соли 2001); соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (соли 2006); 1310-солагии Имом Абуҳанифа (соли 2009); 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008); 1150-солагии Робеаи Балхӣ (2026); 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999); 1145-солагии Абуалӣ ибни Сино (соли 2025); 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (соли 1994); 1000-солагии Носири Хусрав (соли 2004); 960-солагии Умари Хайём (соли 2001); 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2024); 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015); 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (2020); 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014) ва ғайра.
Арҷгузорӣ ба ёдгориҳои фарҳангӣ, таҷлили солгард ва муаррифии шахсиятҳои таърихӣ, қаҳрамонҳои миллат, нобиғагони илму фарҳанг низ ҷузъи ҷудоинопазири сиёсати фарҳангӣ барои ҳамаи кишварҳои ҷомеаи инсонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо ва таҷлили солгарди шахсиятои таърихӣ, қаҳрамонҳои миллат, нобиғаҳои иламу фарҳанг дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон пеш аз ҳама чунин зарурат дорад, ки дар ин замина метавон хотираи таърихӣ, ҳувият ва худшиносии миллии шаҳрвандони кишварро ташаккул дод. Гиромидошт ва таҷлили солгарди шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон нақши муассир гузошта, дар баробари ин, барои рушди тамаддуни инсонӣ хидматҳои мондагор кардаанд, ба он боис мешавад, ки «аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овард, ки бо моҳият ва арзишмандии ҷаҳонии хеш худҷӯӣ ва худшиносии тоҷконро дар паҳнои ҷаҳон иртифоъ бахшанд».
3) Таҳия ва ба тасвиб расонидани қонунҳо, барномаҳои давлатии марбут ба рушди соҳаи фарҳанг ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давраи истиқлол дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва рушду таҳаввули фарҳанги миллӣ, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (соли 1997), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002), «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (соли 2003), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (соли 2007), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (соли 2012) ва силсилабарномаҳо, аз ҷумла: «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»; «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»; «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010»; «Барномаи рушди китобхонаи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015»; «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»; «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025»; «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2021-2025»; «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»; «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд барои солҳои 2017-2021»; «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва ғайра таҳия ва қабул гардиданд.
4) Эҳё, ҳифз ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ намунаи волое дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар арсаи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳар кадом барои худшиносӣ ва бедории мардум метавонанд нақши мондагор гузоранд. Бояд қайд кард, ки дар давраи истиқлол ҷиҳати татбиқ кардани сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё, ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи бомақсадонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таъмиру бозсозии мамнуъгоҳҳо, таъмиру азнавсозии оромгоҳҳои шахсиятҳои таърихӣ, қалъаҳои қадима, пешниҳоди номгӯи бозёфтҳои нодири минтақаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати сабт дар феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, вусъат бахшидани робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ғайра корҳои назаррасу шоистае анҷом дода шуд.
Дар мадди аввал, дар давраи истиқлол як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар сатҳи замонавӣ таъмиру бозсозӣ карда шаванд. Аз қабилӣ: Мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, Мақбараи Шайх Абулқосим Гургонӣ, Хона-осорхона ва мақбараи шоир Нақибхони Туғрал, Манораи Варзи Манор, оромгоҳи Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, Масҷиди Ҳафзи Сангин, Масҷиди Савристон, Мақбараи Абдулқодири Гелонӣ, Масҷиди Мавлоно Ӯсмони Чархӣ дар шаҳри Истаравшан, Қалъаи Ӯрда, Масҷиди Қалъа дар шаҳри Исфара, Мақбараи Хоҷа Аҳмади Бузург, Мақбараи Муҳаммади Башоро, Мақбари Рӯдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент, Мақбараи Хоҷа Қутбиддин, Қалъаи Балҷувон дар ноҳияи Балҷувон, Девор ва дарвозаи Қалъаи Ҳулбук, Мақбараи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мақбараи Мавлоно Обиддин, Мақбараи Хоҷаи Зарин дар ноҳияи Данғара, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Мақбараи Хоҷаи Нур, Қалъаи Мӯъминобод, Мақбараи Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Мӯъминобод, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Зайналобиддин дар ноҳияи Ҷиликул (ҳоло Дӯстӣ), Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ноҳияи Шаҳритуз, Мақбараи Холбой Қара дар шаҳри Ваҳдат, Хоҷа Саид Абдуллатиф дар ноҳияи Рӯдакӣ, Дарвозахонаи Арк, Мадрасаи Куҳна, Масҷиди Сангин, Мақбараи Маҳдуми Аъзам дар шаҳри Ҳисор, Қалъаи Вомар дар ноҳияи Рӯшон ва ғайра.
Мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангии минтақаҳои гуногуни кишвар нишоне аз таърих ва тамаддуни ниёгонамон мебошанд. Аз ин рў, эҳё ва азнавсозӣ кардани онҳо аз он ҷанба аҳамияти хосса дорад, ки худшиносии миллиамонро ташаккул медиҳанд, ҳисси ифтихорамонро ба Ватан ва зебогиҳои он зиёд мегардонанд. Рушди сайёҳиро тақвият бахшида, барои пешрафти соҳаи иқтисодӣ, пайдо кардани манбаи даромад мусоидат менамоянд.
Ҳадафмандона амалӣ кардани сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ва ҳамкориҳои тарафайни Ҳукумати кишвар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шароит созгор намуданд, ки ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шаванд. Вобаста ба соли сабтшавӣ ин бозёфтҳоро ба шакли зайл зикр медорем: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон); «Саразми бостон» (2010), «Боғи миллии Тоҷикистон» (2013); «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016); «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон); «Чакан - ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018); мусиқии суннатии «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022, муштарак бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон); «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (2022, муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон); «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас» (2023); «Ҷашни Сада» (2023, муштарак бо Эрон); «Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ» (2023, муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон); «Санъати сохту навохтани рубоб» (2024, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон), «Ҷашни Меҳргон» (2024, ҳамроҳ бо Эрон); «Маҷмуи ёдгориҳои «Хутали Қадим» (2025, ба таркиби бозёфтҳои «Хутали Қадим» шомил мегарданд: Дайри буддоии Аҷинатеппа; Қалъаи Ҳулбук ва шаҳристони он; Манзаратеппа; Қалъаи Золи Зар; Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин; Ҳалевард (Кофирқалъа); Шаҳристони Золи Зар; Ковонсаройи Тоҳир; Шаҳртеппа; Дайри будоии Хишттеппа); «Фарҳанги суманакпазӣ» (2025) ва ғайра.
5) Баргузор кардани рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи кишварҳои гуногуни олам. Ҳақиқатан, судманд истифода бурдани ин васила як роҳи муҳимми муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ташкили «Анҷумани «Пайванд» ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ» ва баргузор кардани рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун аз шумори дастовардҳои нодири давраи истиқлол дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.
6) Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эҳё намудани анъанаю ҷашнҳои миллӣ: аз қабили Наврўз, Сада, Мергон ва баргузор кардани озмуну фестивалҳои фарҳангӣ. Таҷлили онҳо дар шаҳру минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Қурғонтеппа, Ҳисор, Рўдакӣ, Данғара Рашт, Хоруғ, Турсунзода) имкон дод, ки дар ин шаҳру ноҳияҳо иншоотҳои нави фарҳангию варзишӣ сохта шуда, ба рушду анъанаҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшанд» ва ғайра.
Ҳамин тавр, дар хулосаи зербоб месазад қайд кард, ки дар давраи истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди назаррас нойил гардид, ки ҳар кадом барои муаррифии фарҳанги миллӣ нақши муассир бозиданд. Аз ҷумла: тавассути коркарди модели сулҳоффарӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд; рушди мактабу маориф ва илму фарҳанг барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат карданд; тавассути бунёди роҳу нақбҳои замонавӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба кишвари транзитӣ табдил дода шуд; тавассути баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном кардани ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири миллӣ нуфуз ва мақоми Тоҷикистон дар сатҳи байналалмилалӣ баланд бардошта шу два ғайра.
Ҷангибекова С. – унвонҷўи шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
