НАРӮЗ ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ОРИЁӢ
Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашну идҳои мардумони эронитабор ба шумор рафта, ҳомили ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робита ба муҳити атроф мебошад. Он мансуби ақидаи ягон дину мазҳаби муайян набуда, балки пеш аз ҳама фалсафаи робитаи инсон ба табиат, ба коинот ва олами атрофро дар бар мегирад.
