ҶАНБАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ҶАҲОНШИНОХТИИ НАВРӮЗ
Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам, бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад.

Тоҷикон аз қадим мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз, соҳибдавлат буда, бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози онон маҳсуб меёфт. Онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд.