Skip to main content
Мақолаҳо

ПАЁМИ УМЕДБАХШ БАРОИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

            Дар шароити ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, умед ва эътимод ба оянда барои ҳар як миллат аҳамияти бузург дорад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит ҳамчун як манбаи умед, нерӯи тоза ва роҳнамои рушди устувор барои миллат хидмат мекунад.

Навид

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.01.2025

17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Навид

Ҳамоиш. ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

17 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба фардои дурахшон” бо иштироки олимони соҳа ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Мақолаҳо

  Файласуф Бекзода ва андешаи миллии мо

                                                    Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,                                                        

                                                  Теғи андеша бар рӯйи ду ҷаҳон тохтан аст.

Мақолаҳо

САДА - ҶАШНВОРАЕ АНДАР СИТОИШИ ПИРӮЗИИ ГАРМӢ БАР САРДӢ, ОМОДАГӢ БА ОҒОЗИ КИШТУ КОР

  Таърихан, дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон - Сада аз ҷашнҳои куҳани аҷдодони мо буда, вобаста ба мавсими таҷлилгирӣ аз рӯйи моҳият ва хусусиятгирӣ аз дигар ҷашнҳои миллӣ тафовут дорад. Ба маълумоти Фирдавсӣ – ин ҷашн ёдгории пуршукӯҳи Ҳушангшоҳи пешдодист, ки баробари пайдоиши оташ таҷлили он шурӯъ гашт. Бархеи дигар донишмандон оғози таҷлили ҷашни Садаро аз мағлубияти Заҳҳок ба дасти Фаридун ба риштаи таҳқиқи кашидаанд. Андешаи Фирдавсӣ андар ин боб ҳарчанд тобиши асотирӣ дорад, вале ба воқеият наздик аст.

Мақолаҳо

ҶАШНИ САДА ЁДГОРЕ АЗ ҲУШАНГИ ПЕШДОДӢ

Ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ аз қадим боз дар сарзамини тоҷику форси бостон бо ҳам дар алоқамандӣ буданд ва яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон буд, ки дар таърихи дунёи бостони тоҷику форс Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг-писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд.
23121