Skip to main content
Навид

ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТИ ШОИСТА!

Директори Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Рамазон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

Мукофоти арзандаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар вазъияти тантанавӣ ба профессор Назариев Рамазон супориданд.

Навид

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусайн Кабут рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва стратегияҳои мутобиқсозӣ ба муҳити геополитикии минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Мушовири илмии рисола доктори илмҳои фалсафа Хидирзода М.У.
Наворҳои видеоӣ

ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ «НАҚШИ МАВЛОНО ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ»

Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ» баргузор гардид.

Дар гузориши телевизионӣ ҷараёни баргузории конференсия, андешаҳои аҳли илм ва аҳамияти таълимоти Мавлоно дар таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколама инъикос ёфтааст.

Гузориши мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба мероси арзишманди Мавлоно ва нақши он дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта мебошад.

23121