Skip to main content

АРЗИШИ АХЛОҚИИ АВФ ДАР АНДЕШАҲОИ ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ

(дар ҳошияи ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Пешвои миллат)

Афв яке аз хусусиятҳои арзишманди ахлоқӣ буда, он ба маънои гузаштан аз гуноҳ ва тарки ҷазои он аст. Ин амал ҳамдилии ҷомеаро зиёд ва сулҳро мустаҳкамтар месозад. Дар фалсафа ва адаби мо афв яке аз сифатҳои каримона ба ҳисоб рафта, ҷавонмардии афвкунандаро нишон медиҳад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Футувватномаи султонӣ” роҷеъ ба афв ва ҷавонмардии афвкунанда чунин мегӯяд: Чаҳорум афву марҳамат аст. Яъне, бар халқ шафқат кардан ва аз сари гуноҳи эшон гузаштан ва ба он миқдор, ки мақдур (мувофиқи қудрат ва имкон) бошад, бо эшон некӯӣ варзидан ва меҳрубонӣ намудан:

Меҳрубонӣ кун, ки марди меҳрубон,

Дорад аз асли ҷавонмардӣ нишон.

Афви имсола низ, ки Пешвои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ 16-июн ба имзо расиониданд, нишона аз ҷавонмардии эшон мебошад. Ин ҷавонмардии Пешвои маҳбуби миллат боис мегардад, ки ҳазорон нафароне, ки ҷиноят карданд ва аз ҷинояти худ пушаймонанд ба назди хонаводаи худ бармегарданд. Пешвои миллат бо ин амали инсондӯстонаашон чандин тифлонро ба дидори падар ва чандин падарону модаронро ба дидори фарзанд мерасонанд. Аз ин дида, шодие дигар шояд вуҷуд надошта бошад ва барои чунин афв дили бузургу меҳрубон бояд дошт, ки Пешвои миллат дар баробари доштани дили бузург ва меҳрубон дорои тамоми хислатҳои неки инсониянд.

Тибқи маълумоти ахбори омма ин 18-умин авфи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ аст, ки дар чандин соли охир чунин гузашт ва бахшиш аз ҷониби ҳеч нафаре ба ҷуз Пешвои миллат мушоҳида намешавад. Пешвои маҳбуби бо ин хислати каримонаашон дар дилу дидаи на танҳо тоҷикону тоҷикистониён, балки дар дилу дидаи тамоми ҷаҳониён ҷой гирифтаанд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Ахлоқӣ муҳсинӣ” роҷеъ ба афв чунин гуфтааст: Афв тарки уқуби гунаҳкор аст, дар ҳоли қудрат барад ва ин хислат дар фазилат бар ҷумлаи хислатҳои фоиқ аст. Ҳакимон гуфтаанд: “Ҳар чанд гуноҳ бузург аст, фазилати афвкунанда зиёдтар аст”. Ин суханон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки фазилати Пешвои миллат хело зиёд аст, ки ин қонунро ба имзо гузоштанд.

Дар ҷои дигари ин китоб Ҳусайн Воизи Кошифӣ зикр мекунад, ки афв хислати бузургон аст ва гуноҳ хислати фурӯдастон:

З-ибтидои даври олам, то ба аҳди подшоҳ,

Аз бузургон авф будаст, аз фурӯдастон гуноҳ.

Чун бузургии Пешвои миллат ба ҳамагон маълум аст, аммо ин афв бори дигар бузургии Пешвои миллатро собит сохт ва нишон дод, ки Пешвои маҳбуби миллат дар ҳақиқат як шахсияти бузург мебошанд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар охири бахши афв дар “Ахлоқи муҳсинӣ” мисраҳои шеъриеро ҷой додааст, ки хонандаи ин сатрҳо дарк мекунад, ки соҳибдавлатӣ, хислати муборак, равшании чеҳра, дили бузургу меҳрубони Пешвои миллат дар афву бахшиши ӯст. Ин абармард барои миллати тоҷик дар баробари ин авф хидматҳои зиёди ҷавонмардонаеро анҷом додааст, ки ба ҳамагон маълум аст:

Афв фармудан муборак хислатест,

Ҳар ки дорад афв соҳибдавлатест,

Дил зи нури авф равшан мешавад,

Дар насимаш сина гулшан мешавад.

Дар матнҳои динӣ омадааст, ки паёмбари ислом мефармоянд, ки ҳар кӣ афв мекунад, умраш зиёд ва давлаташ пойдор мегардад. Мо низ умеди онро дорем, ки Пешвои миллат доим дар болои сари миллати тоҷик ва тоҷикистониён бошад.

Рамазониён А.Б. – н.и.ф., ходими калони илмии Маркази синошиносии ИФС АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121