БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ФАЛСАФАИ ҶАШНИ САДА
Барҳақ донишманди бузурги халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино фармудааст: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад». Зеро аз мардуми оддӣ шуруъ намуда, то донишмандони ин нажод дорои фалсафаи бузурги зиндагӣ аст. Одитарин рафтон ва ҳатто ҷашҳнҳои эронитаборон дорои фалсафаи амиқ ва бузург аст. Бояд ба ин мерос гаронарзиш арҷ гузошт, зеро арҷгузорӣ ва таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос амри зарурист.
Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло мо дар остонаи яке аз ҷаҳнҳои бузурги миллӣ, ки арзишҳои бузурги фалсафӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гузаштаи мо дар он нуҳуфтааст «Сада» қарор дорем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки чӣ гуна ҷашн аст, вале мо мекӯшем, мухтасар дар бораи баъзе вижагиҳои фалсафии ин ҷашни бостонии миллӣ, ки худшиносӣ ва ҳамбастии инсониятро талқин менамояд, маълумоте ироа дошта бошем.
Ҷашни «Сада» дар шумори ҷашнҳои бузурги миллии мо аз қабили Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дохил шуда, яке аз ҷашнҳои хеле қадима мебошад. Муҳтавои фалсафии ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва қуруни вусто ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст. Ва ҷашни Сада ҳамтаборон, ҳамкешон, ёру рафиқон ва дар ниҳоят инсонҳоро сари як суфра ё маҳфиле, ки он ҷо меҳр асту садоқат асту муҳаббати самимии инсоният ҳаст, сарҷам менамуда ва ҳамзамон, талқин менамуда, ки инсонҳо нисбат ба худу ҳамтаборони худ ғамхору шодиқарину ғамқарин буда бошанд. Зеро ҷашни Сада муроду ҳосилаш умеду фаррӯхрӯзӣ ато намудан бар инсонҳо аст, ки пас аз ин сардиҳову меғу ғубор инсонҳоро фасли шукуфону гармӣ интизор аст ва аз ин хотир, гузаштагони мо бештар дар ҷашни Сада шодмониву масрурӣ менамудаанд, ки моро дар пеш фасли баҳорону табиати рӯзидиҳанда интизор аст.
Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсол аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархурдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак бетафовут набудаанд, вагарна чи тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?!
Ағлаби ҷашну маросимҳои гузаштагони мо храктери гуманистӣ ва ҳамзистии инсониятро дар худ доштанд ва дар батни ҷашну оинҳои бостонии аҷдодони тоҷикон меҳру меҳрпарасти нисбат ба инсоният парваришу густариш ёфтааст, Нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ – замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ – ба аносири заминӣ ва материалӣ-унсурӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст.
Аз сӯйи дигар, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вижагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуғрофиё ба ҷуғрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дод ва дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ тобишҳои рангоранг ба бар намуд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ва андешаманд ин аст, ки ҷашнҳои бостонии мо, бахусус Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада агарчи аз ҷониби ҳушмандони тоҷику порс кашфу бунёдгузорӣ гардидааст, аммо ҷашнҳои зикргардида хоси як миллат ё қавме набуда, балки ҷашни умумибашарӣ будааст. Яъне ин ҷашнҳо ниёзбарор ва шодбошгӯи инсоният аст ва ба ҳеч кешу оине робитаи мустақим надоштааст. Аз ин лиҳоз, донишварону хирадмандони гузашта порсу тоҷик инсониятро дар мадди аввал гузошта, ҳар ихтироъ ё кашфиёте аз илм намудаанд хидматгузори як қавм ё минтақа набуда, балки яксон барои тамоми инсоният хидматгузор будааст.
Имрӯзҳо ба шарофати истиқлол, моро имкон даст дод, ки ҷашнҳои суннативу миллии хешро аз нав эҳё ва зинда намоем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросими миллӣ таҳқиқу баррасӣ шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажӯҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва дар яке аз паёмҳои хеш Пешвои миллат махсусан зикр намуданд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки беш аз пеш баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси маънавии гузаштагон камари ҳиммат бибандем, то ба ин васила ба худшиносии миллӣ бирасем ва арзишҳои фарҳангиву илмиву иҷтимоии миллати худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Содиқова З. А – ходими илмии ИФСҲ АМИТ
Рамазониён А. Б – ходими илмии ИФСҲ АМИТ
