Skip to main content

ФАЛСАФАИ СУЛҲ: АЗ ҲИКМАТИ НИЁГОН ТО ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи башарӣ бо низоъҳои сиёсӣ, ҷангҳои минтақавӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи сулҳ дигар танҳо ормони миллатҳо нест, балки шарти асосии рушди устувор ва бақои инсоният маҳсуб меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, қабули Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Ин иқдом далели равшани он аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ на танҳо ҳамчун кишвари сулҳдӯст, балки ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва эътимоди байни давлатҳо равона гардида, борҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтааст.

Қабули ин қатънома идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Пештар низ ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор бо иттифоқи назар дастгирӣ намуда буд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дипломатияи тоҷик бар арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, ба манфиати тамоми инсоният хизмат мекунад.

Фарҳанги сулҳ барои мардуми тоҷик мафҳуми нав нест. Таърихи миллат гувоҳ аст, ки бузургони тоҷик ҳамеша инсонҳоро ба ваҳдат, дӯстӣ ва таҳаммул даъват мекарданд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» адлу инсондӯстиро асоси пойдории давлат медонад ва менависад:

Зи нерӯи дод аст гетӣ ба пой,

Зи бедод гардад ҳама рӯ ба вой.

Ин андеша нишон медиҳад, ки сулҳу субот танҳо дар фазои адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон устувор мемонад. Ҳар ҷомеае, ки адолатро пос медорад, метавонад сулҳи пойдорро таъмин намояд.

Ҳаким Носири Хусрав низ инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва некандешӣ ҳидоят намуда, таъкид мекунад:

Ту бо халқ некӣ куну дӯст бош,

Ки некӣ бимонад, ту дар хоб бош

Ин ҳикмати бузург имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардааст. Асоси дипломатияи муосир низ маҳз бар гуфтугӯ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда устувор мебошад.

Ҷалолиддини Балхӣ (Мавлоно) сулҳро пеш аз ҳама ҳолати маънавии инсон медонад. Ӯ мефармояд:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Ин суханон нишон медиҳанд, ки муҳаббат, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро ҳал намоянд. Маҳз ҳамин арзишҳо имрӯз дар маркази сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон қарор доранд.

Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти сиёсӣ ва маънавии бузург дорад. Аз як тараф, он эътирофи нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи байналмилалӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкории бештари давлатҳо дар роҳи пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тарбияи насли сулҳпарвар муттаҳид месозад.

Дар шароите ки ҷаҳон ба чолишҳои нави геополитикӣ рӯ ба рӯ аст, ташаккули фарҳанги сулҳ дар байни ҷавонон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбанд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи устувор ва давлатдории пойдорро таъмин намуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббуси байналмилалӣ бори дигар нишон дод, ки метавонад миёни давлатҳо ҳамчун кишвари ташаббускор, масъулиятшинос ва сулҳпарвар нақши созанда бозад. Ин комёбӣ на танҳо дастоварди сиёсати хориҷии кишвар, балки мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақиқат, оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мардумони ҷаҳонро ба он даъват мекунад, ки сулҳро ҳамчун арзиши олии башарӣ ҳифз намоянд. Зеро сулҳ танҳо набудани ҷанг нест; сулҳ муҳити адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва эҳтироми шаъну шарафи инсон аст. Ҳифзи ҳамин арзишҳо кафолати зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад буд.

Илҳом Қурбоншоев номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи

масъалаҳои фалсафии динӣ ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

 

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121