Skip to main content

ҶАВОНОН ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКТАБИ ШУҶОАТ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби шуҷоат ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар директори институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод иштирок намуда, зимни суханронии ифтитоҳӣ нақши ҷавононро ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи устувори давлатдорӣ таъкид намуданд.

Мавсуф изҳор доштанд, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими ташаккули шахсияти ҷавони худшинос ва масъул ба шумор рафта, дар таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Ҳадафи баргузории семинар баррасии паҳлӯҳои гуногуни нақши хизмати ҳарбӣ дар ташаккули шуҷоат, иродаи қавӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш олимону муҳаққиқон бо гузоришҳои илмӣ-таҳлилӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботи ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои муосири сиёсиву иттилоотӣ ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, масъулияти баланд ва ҳисси баланди ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошанд. Хизмати ҳарбӣ ҳамчун марҳилаи муҳими камолоти шаҳрвандӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон арзиши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, дар рушди давлат фаъолона саҳмгузор гарданд.

Ҳамзамон иштирокчиёни семинар иброз доштанд, ки муҳаққиқони ҷавон метавонанд тавассути фаъолияти илмӣ, таҳқиқоти иҷтимоӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муассир гузоранд. Қалам ва андешаи созандаи ҷавонон низ ҳамчун василаи муҳими ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш доир ба масъалаҳои мубрами тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати густариши корҳои маърифатӣ, таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо сохторҳои низомӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ироа гардиданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121