Skip to main content

ЛОЛА ВА СИЯҲГЎШ - ГУЛҲОИ МИЛЛӢ ВА МАНШАИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗЕБОИПАРАСТӢ

Гул зеботарин муъҷизаи табиат, атокунандаи зебоию тароват, болидагардонадаи табъи инсон, бахусус бедоркунандаи завқи эстетикии бонувон аст. Гули сиёҳгӯш (маъруф бо номи гули Сиёвуш) дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик ҳамчун рамзи зебоии табиат, бедории баҳор ва эҳё шудан эътироф мешавад. Аввалин гули баҳорӣ аст, ки ҳамчун гули наврӯзӣ - аз фарорасии ҷашни Наврӯз дарак медиҳад. Дар баробари лола, ин гули кӯҳӣ нишонаи ҷавонмардӣ, покӣ ва пирӯзии ҳаёт бар зулмот маҳсуб меёбад.

Маъно ва рамзҳои асосии онро аввалан, эҳё ва тозагӣ ҳамчун паёмовари аввали фасли баҳор, рамзи бедории табиат аз хоби зимистона ва расидани айёми наврӯзӣ ташкил медиҳад. Дуюм, покандешӣ ва ҷавонмардӣ, ки дар асотир ва фолклори тоҷик, чун бо номи қаҳрамони асотирии «Сиёвуш» пайванд мехӯрад, рамзи бегуноҳӣ, муҳаббати пок ва шуҷоат дониста мешавад. Сеюм, зебоии табиат ва меҳр. Ин гули зарифу нозук, ки муҳити кӯҳиро меписандад, рамзи назокат, зебоии табиӣ ва паёми шодӣ ба дилҳо мебошад. Аз ин рў, таърихи пайдоиши ин гул ба таърихи пайдоиши Наврўз, ки дарақ аз оғози зиндагии нав медиҳад тавъам аст. Зеро мардумро аз фарорасии Наврўз дарак медиҳад.

Дигар ин ки тибқи ривоятҳо ва маълумоти дар «Шоҳномаи»-и безаволи Фирдавсӣ мавҷудбуда маълум метавон кард, ки мардум ин гулро ба хотири пос доштани ному хотираи неки Сиёвуш - «хуни Сиёвуш» номиданд ва ҳар баҳор ҳангоми сабзидани он маросими «Сайри гули сурх»-ро барпо мекарданд. Дар байни тоҷикон пас аз шукуфтани гули сияҳгӯш (Сиёвуш) хурдсолон ва наврасон маросими "Гулгардонӣ"-ро баргузор менамоянд, ки ин барои пос доштани хотираи Сиёвуш аст. Дар суннати мардумии «Гулгардонӣ» кӯдакон ҳамин гулро аз дашту даман ва кӯҳсорон чида, ба хонаҳо меоварданд ва ба калонсолон тақдим намуда, муждаи оғози баҳорро мерасонданд. Соҳибхонаҳо ва бузургсолон бошанд, гули сияҳгӯшро ба даст гирифта, ба чашм молида, шукрона мекарданд, ки ба баҳори нав расиданд. Мардум аз рӯйи таомули аҷдодӣ ба онҳо шодиёна, аз қабили ширинӣ, тухм, қурут ва хушкмева диҳанд.

Маросими гулгардонӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва байни тоҷикони Осиёи Марказӣ аз қадим то имрӯз маҳбубияти хосса дорад. Бо мақсади таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи табиат, гулҳои нодири эндемикии Тоҷикистон ба монанди лола ва сиёҳгӯш ҳамчун рамзҳои табиати миллӣ эътироф шуда, дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешаванд.

Хусусан, гули Сиёҳгӯш аз қадим дар фарҳангу адабиёти тоҷик мақоми муқаддас дошта, рамзи покӣ, эҳёи табиат, зебоӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Он ҳамчун нигини пурҷилои кӯҳсори мо метавонад ба таври шоиста муаррифгари табиати нотакрори кишвар, пайки фарорасии наврўзи оламафрўз, зиндашавии табиат бошад.

Аз ин рў, интихоби гули сиёҳгӯш дар баробари гули лола ҳамчун рамзи гули миллӣ, ки бо фармони Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун гули миллӣ эълон гашт, барои боз ҳам тақвият ёфтани фарҳанги зебоипарастии мардуми тоҷик мусоидат карда, ба як бозёфти нодир табдил меёбад. Дар арафаи таҷлил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсии кишвар чӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ истифода бурдани онҳо аз табиати зебо, фарҳанги воло ва диди зебоипарстии мардуми кишвар дарак медиҳад.

Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121