Skip to main content

МАГИСТРАНТИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИД

Боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки магистранти институт Назришоева Тахмина барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2025–2026 гардид.

Ин дастоварди арзишманд самараи заҳмати пайваста, саъю кӯшиши мунтазам ва фаъолияти пурсамари илмии номбурда ба шумор рафта, аз қобилияти баланди илмӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолнокии ӯ дар самти таҳсилу таҳқиқот шаҳодат медиҳад.

Назришоева Тахмина дар давраи таҳсил дар зинаи магистратура бо дониши мукаммал, ҷаҳонбинии илмӣ ва иштироки фаъол дар конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва корҳои ҷамъиятӣ худро ҳамчун муҳаққиқи ҷавони умедбахш муаррифӣ намудааст. Маҳз чунин талошҳои пайваста замина гардиданд, ки ӯ сазовори яке аз мукофотҳои бонуфузи шаҳрӣ гардад.

Маросими супоридани стипендия дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ғолибон бо шаҳодатнома ва мукофотпулиҳои махсус қадрдонӣ шуданд. Ин иқдоми шоиста бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти шаҳри Душанбе нисбат ба рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа мебошад.

Раёсат ва ҳайати кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назришоева Тахминаро ба муносибати ба даст овардани ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, барояш дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳи донишандӯзӣ ва хизмат ба манфиати ҷомеа муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

Боварии комил дорем, ки чунин дастовардҳо барои ҷавонони кишвар ҳамчун намунаи ибрат хизмат намуда, онҳоро ба талоши бештар дар роҳи илм, маърифат ва ватансозӣ раҳнамун месозанд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123