ГУЛИ ЛОЛА- «АРУСИ СОЛ» («МАЛИКАИ СОЛ»)
Гули лола ҳамчун гули «Аруси сол» дар байни дигар гулҳои худрӯи баҳорӣ ва сабзаҳои навраста ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даман, чаману гулгашт ва боғу боғчаҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову ҳаловатбахш менамояд. Фалсафаи ин гули худрӯи табии зебову ҳассос он аст, ки ӯ нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо ва на тоқати бодҳои тундро дорад. Табиати гули «Аруси сол» лола ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани ҷон аст.
Гули лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯй мебошад ва ӯ ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад ва то ҳастияш бо тамоми атрофиёнаш дар ваҳдату осоиштагӣ умри кутоҳи хешро ба сар мебарад. Мо инсонҳо бояд лаҷоми нафси хешро ба даст гирифта, аз ин падидаҳои табиат панду дарси ибрат бигирем Аз ин ҷо, ин гули латифу нозуку меҳрубон дар фасли сол ду-се моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат бо дигар гулҳои худрӯ рангомезиву ҷавлон намуда, дар дили кас шодиву сурур, шодобӣ ва ишқу муҳаббатро нисбати табиату ватани хеш бедор намуда, ҳамчун як рамзе дар вуҷуди инсон ҳисси меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарвариро боз ҳам қавитар менамояд. Инсон чи қадар дӯст медорад, ки дар айёми шукуфои ин гули «Аруси сол» ба дашту саҳро ва боғу сабзазорҳои пургул баромада аз зебоии табиат лаззат барад. Махсусан сурхии гули лола ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ бо ҳам омезиш ёфта, хеле бо ҳам месозанд ва як бӯю зебоии хосеро ба машому дидаи кас мерасонанд. Вале мутаассифона, умри ин гули зебои табиат бо андак гармову вазидани бод барои сол ба поён мерасад. Гули лола бо унвони машҳуртарин гули худру дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвир ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҷом, қадаҳ, соғар ва ғайра таъбир шудааст.
Бо ташаббусу заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ боғу боғчаҳо, гулгаштҳо ва атрофи хиёбону кучаҳо ва боғчаҳои наздиҳавлию муассисаҳои шаҳри Душанбе дар айёми баҳорӣ бо анвою ақсоми гулҳои лола ва дарахтҳои пургул ороиш дода шудааст, ки шаҳр ба таври шинохтанашаванда ба як шаҳри зебову тару тоза табдил ёфтааст, ки мо шаҳрвандон ҳеҷ вақт фикр намекардем, ки худованд чунин неъматро насиби мо кунад. Аммо имрӯз мо мебинем, ба ҷои хурдан ошомидан боз ба рӯҳу ҷони мо ҳавои тозаву табиати босафо ва баҳрабари аз он, дар шакли сайругашту пиёдаравӣ, нафаскашиву нигоҳ кардан ба зебоиҳои табиат як навъи ғизои маънавӣ шарт ва зарур аст. Ҳадаф ин аст, ки инсон дорои нафсу рӯҳ аст, ки нафси инсон бештар майл ба хурдану нушидан ва ба даст овардан ва аз худ кардани анвою ақсоми неъматҳои моддиро дорад, аммо рӯҳи инсон аз ин хостаҳои беҳудуди нафс хаставу бечора мешавад. Дар ин ҳолат роҳи наҷоти ӯ аз ин шароит рӯ овардан ба табиату зебоиҳои он мебошад, ки ин амал барои рӯҳ як оромишу осудагӣ мебахшад.
Гули лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон образҳои бадеӣ дода, дар шароиту лаҳзаҳои гуногун мавриди истифода қарор додаанд. Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллои Рудакӣ лоларо чунин васф намудааст:
Бихандад лола ба саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост,
Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст.
Дар ҷои дигар омадааст:
Аз ҳасрати лаби ширин ҳануз мебинем,
Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.
Суханвари бузурги адабиёту ирфони форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар ашъори хеш низ лоларо ҳамчун рамзу тамсил истифода намудааст:
Дил ба даври рӯят зи чаман фароқ дорад,
Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад.
Файласуф ва орифи бузурги асри ХУ111-Х1Х Ҳаким Сафо қаҳрамони лирики худро дар «Девони ашъор»-аш чунин ташбеҳ кардааст:
Қади ту чун санавбару рӯят чун лола аст,
Бар лола ту гашта ду мишкин кулола аст.
Номи гули лола аз калимаи лол ва калимаи лаъл, аз забони санскрит ба маънои «қирмиз», яъне сурх гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, истилоҳи лола ба маънии «сурх» аст, ки дорандаи ҳамин ранг мебошад.
Лола ба туркӣ «тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро лола меноманд.
Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки ба ғайри ранги қаҳваи дигар тамоми рангҳоро доро мебошад. Умуман, гули лола ба ҳафт ранг: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард тақсим мешавад. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо гиёҳони мутафовута ҳастанд. Дар айни ҳол ин се гули сурх ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гул ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро шақоиқ номи илмӣ: анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад. Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.
Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Ховар, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.
Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои куҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои ранго ранг мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод, қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули лолаи худрӯ буд, бо номи Лолагӣ машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалларо ба ҷои гули лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад, яъне табиат бо зебоиҳои табии хеш ба рӯҳи инсон дар ҳар як фасли сол зиндагии нав ва тоза ба тоза мебахшад.
Ҳамчунин ин гул дар Афғонистон, Эрон, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои Баҳри сурх, Дарёи Хазар, Баҳри сиёҳ, Юнон, Ҳоланд (Голандия), Италия, Испания ва ғайраҳо ба сифати гули худрӯ дар шаклҳои мухталиф дида мешавад.
Соли 1981 тавассути Анҷумани салтанатии пиёзи лолаи Ҳоландӣ тақсимбандии гулҳои лола оғоз гардида, лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва замони шукуфтани гул ба 15 навъ тақсимбандӣ шуда буданд.
Агар нигоҳе ба таърих андозем нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар садаҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир шудааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз сосониҳо боқи монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули лола бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.
Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар императури Усмонӣ ба номи «асри лола» маъруф аст. Дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули лола дар Туркия боло мегирад.
Мувофиқи маълумоти сайти интернетӣ дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи лола бо рангҳои мутафовут вуҷуд дорад. Дарозии қади лолаи худрӯ бештар аз 20 сонтиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ.
Муҳити зисти гули лола: гули лола нисбатан ба хунукӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳӣ 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод ҳосилхез аст. Навъҳои қадимии лола аз таркиби ду навъ: лолаи боғчаӣ ва лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: лолаи шинелқирмизӣ; лолаи импературӣ ва лолаи нилобӣ.
Чунонки дар боло гуфтем гули лола танҳо ду-се моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад.
Муродова Тоҷинисо номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФС-и АМИТ
