Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили фарҳанги ҳуқуқии ниёгон
«Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоон
Масъалаи фарҳанги миллӣ ва фарҳанги ҳуқӯкии ниёгон масоили мубрами рӯз буда, Пешвои миллат арҷгузорӣ ба он, омӯзитш ва таҳлилу тарѓиби онро таъкид мекунанд. Фарҳанги тоҷикон ки аз фарҳанги ориёӣ сарчашма мегирад, фарҳанги имперӣ, космополитӣ, гуманитона ва дарбаргиранда ва ҷузъи ҷавҳарии фарҳанги башарӣ мебошад.
Фарҳанги асили тоҷик ба дараҷаи баланд байналмиалӣ ва башардустона мебошад, ки он чунин мисраҳои шеъри баланди Саъдии Шерозӣ:
Бани Одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор
ва мисраҳои шеърии Сардафтари адабиёти тоҷик, Одамушуаро Абуабдуллоҳи Рудакиро:
Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ
Бар кауру кар арнукта нагирӣ мардӣ
Марди набувад фитодаро пойзадан
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ ба вуҷуд овардааст. Ба ин хотир омӯзиши фарҳанги ниёгон ва дарҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддаси ҳар як муҳаққиқ мебошад.
Албатта ин мавзуъ яке аз асоситарин дар Паёими имсолаи Пешвои миллат ба шумор мерафт.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонн аз 28 декабри соли 2024 қайд намуданд, ки: «Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
... мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, қайд намуданд Пешвои миллат.
Зиндагии шоиста ва фарҳанги миллӣ ду падидае буданд, ки кулли Паём ба онҳо бахшида шуда буд. Тамоми масоили дар Паём садодода фарогири ин ду ибора мебошанд.
Паём ҷамъбасти мантиқии фаъолияти кулли кишвар дар соли 2024 буд. Соли 2024 яке аз солҳои муҳим дар ҳаёти кишвари мо - Тоҷикистон маҳсуб гардида, соли руйдодҳои муҳим ба шумор меравад. Дар қатори 30-умин солгарди қабули Конститусияи соли 1994 ва ба ин хотир эълон шудани Соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ, 100-солагии таъсиси ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон, 30 солагии таъсиси Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон ва як қатор ҷашну маъракаҳои сиёсии дигар шаҳодати он буданд, ки мо на танҳо аз соҳибихтиёрифтихор мекунем, балки ба фарҳану таърихи гузаштаи худ - фарҳанги ҳуқуқии ниёгон арҷгузорӣ менамоем.
Албатта арҷгузорӣ ба падида ва ҷашну анъанаҳои миллӣ, ёддошти бузургони миллат имрӯз пайдо нашуда, балки Пешвои миллат аз оѓози давраи роҳбариашон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд ва то имрӯз ин масъаларо пайгирӣ менамоянд. Чӣ тавре Шумо огоҳ ҳастед, ҷашни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 1100 - солагии давлати Сомониён аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат буданд, ки ба масоили арҷгузории таърихи миллат ва фарҳанги ниёгон бахшида шуда буданд. Баргузор гаштани ҷашни таҷлили ин ду санаи муҳим дар давраи ноороми кишвар заминаи худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ гардид. Аз ҷониби дигар, 1100 - солагии давлатдории Сомониён намоиш додани қудрати илмии миллати Тоҷик, соҳибӣ кардани мероси ниёгон ва овоз баланд кардани миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, тавонист моро бар ҷаҳониён муаррифӣ намяод, соли фарҳанги ориёӣ аз як ҷониб ва ҷашни Абӯҳанифа аз ҷониби дигар мақсади ҷомеаи моро бар ҷаҳониён ошкор сохт, ки тоҷикон давлати дунявӣ дошта бошанд ҳам, вале аз фарҳанги қадимаи ориёӣ ва исломӣ даст намекашанд ва онҳоро пос медоранд. Аз ин хотир минбаъд дар ҷашну маъракаҳои давлативу сиёсии мо иштирокчиён аз кишварҳои гуногунро зиёд мушоҳида менамудем.
Бояд қайд намуд, ки ҷашни 30-солагии Конститутсия як ҷашни содда набуда, он ҳикоят аз гузаштаи миллати моро дорад. Заминаи он даҳҳо ва садҳо сол пештар гузошта шуда буд. Масъалаи таъсиси давлати мустақил аз қадим гузошта шуда, охирин ҳаракатҳо аз соли 1924 оѓоз шуда буд. Ҳангоми таъсиси он на танҳо вазъу воқеъияти маҳалл, балки фарҳанги баланди ҳуқуқии миллати тоҷик наметавонист фаромӯш гардад, аз ин сабаб соли 2024 на вилоят, балки ҷумҳурии мухтор сохта шуд. Минбаъд тоҷикон тавонистанд ҷумҳурии мустақил дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ таъсис диҳанд. Мо бояд ба ин санаҳо бодиққат ва ҷиддӣ рафтор намоем, чунки дар сурати таъсиси вилояти мухтор барои кишвари мо, мумкин имконияти давлати мустақил сохтан аз байн мерафт. Ин аввалин давлати шакли идораи ҷумҳурӣ дар кишвар ба шумор меравад, ки то имрӯз ин шакли идора идомат меёбад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масоили фарҳангии ҷомеа, махсусан фарҳанги маънавӣ, таълиму тарбия, маданияти андозсупорӣ, фарҳанги иқтисодӣ, азҷумла рақамикунонии иқтисодиёт ва даҳҳо масъалаҳои дигар масъалагузорӣ карда шуд.
Албатта оид ба фарҳанги ҳуқуқии ниёгон сухан гуфта, ҷанбаҳои мубрамми онро бояд хотирнишон намоем, махсусан маърифиати молиявии шаҳрвандон. Чӣ тавре Пешвои миллат гуфтанд: «Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷа, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.
Дар қатори рақамикунонии муносибатҳои гуногуни ҷомеа, махсусан самти хизматрасониҳо, андоз, боҷи давлатӣ ва ѓайра, истифода бурдан аз фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ба назари мо хеле муфид менамояд. Пеш аз ҳама, истифода бурдан аз таълимоти чӣ мактабҳои ҳуқукии ориёӣ-зардуштӣ ва чӣ таълимоти фиқҳӣ. Масалан дар понздаҳ ҷои китоби Қуръон омадааст, ки «закот диҳед ва намоз гузоред». Баробар гузоштани додани закот бо намоз, ки яке аз рукнҳои ислом аст чи гуна бояд шарҳ дода шавад. Масъала ба назари мо бояд чунин бояд маърифат гардад, ки додани андоз барои ҷомеа ва давлат масъалаи муҳим мебошад ва он ҳастиву бақои давлатро таъмин месозад, чуноне ки намоз доштани имонро дар дин собит месозад. Яъне баробар гузоштани ин ду падида аз муҳим будани андозсупорӣ аз нуктаи назари дин ҳам шаҳодат медиҳад.
Аз ҳаёти аввалин роҳбарони давлати мусалмонон, Абубакру Умар мисолҳо овардан мумкин аст, ки баъд аз вафоти Паёмбар баъзеҳо аз додани закоту дигар андозҳо даст кашиданд, вале Умар қасам хурд, ки касоне, ки андоз намесупоранд, ман бар зидди онҳо ҷанг хоҳам кард. Аз ин ҷо хулоса кардан лозим аст, ки онҳо аллакай мефаҳмиданд, ки андоз пояи асосии давлат аст ва он бояд ҳатман ҷамъоварӣ карда шавад. Дар масъалаи ҷамъоварии андоз дар кишварҳои исломӣ ҷанбаи иҷтимоии он низ фаромуш карда намешуд. Масалан, барои арабҳо хурмо, ки хӯроки ҳама-мардуми нодор ба шумор мерафт, андоз аз он хеле кам ва ангур, ки хӯроки сарватмандон маҳсуб мешуд, таърифи баланди андоз ба он гузошта шуда буд. Имрӯз низ аз ин таҷрибаи таърихӣ истифода бурда, метавон барои моли ниёзи мардум андозҳо пасттар ва барои молҳои истифода барои зинату зевар баланд карда шавад.
Фарҳанги ҳуқуқии ниёгони ориёии тоҷикон кулли муносибатҳои ҷамъиятиву давлатиро фаро гирифта, мардуми ориёӣ дар ҳама самтҳо асосгузори падидаву меъёрҳои заминавӣ мебошанд. Чӣ дар давлатдорӣ, ислоҳотҳо, падидаҳои ҳуқуқи тоҷикон асосгузори ҳазорҳо одату анъана ва қавоиду меъёрҳо мебошанд.
Пешвои миллат ба яке аз дастовардҳои нодири мардуми ориёӣ – Эъломияи Куруши Кабир, ки 2550 - солагии он бояд қайд шавад, ишора карданд: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Дар бораи Эъломия Куруши Кабир ва ё Эъломия ҳуқуқи башари Куруш хато намекунем, агар гуем, ки дар ҳақиқат он аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар буда, Конститутсияи аввалини на танҳо мо тоҷикон, балки дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аксарияти меъёрҳои ин Эъломия ба конститутсияи давлатҳои муосир дохил шуда, меъёри ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор рафта, принсип, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсиониро инъикос менамоянд. Ҷойгоҳи Эъломия он аз ҷониби Созмони миллати муттаҳид соли 2010 дар қатори ҳафт санади муҳимтарини оид ба ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Таҷлиси 2550 - солагии он бояд дар мавриди эътирофи он ҳамчун сарчашмаи аввалин оид ба Ҳуқуқи башар мусоидат намояд.
Эъломия дастоварди фарҳанги ҳуқуқии ориёӣ эътироф мегардад ва дар ҳақиқат аз волоияти фарҳанги ҳуқуқии миллати мо шаҳодат медиҳад. Мардуми ориёӣ - тоҷикон ҳанӯз 2600 – сол пештар аз ин оид ба ҳуқуқу озодиҳо сухан мегуфтанд ва онҳоро дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии худ дарҷ карда буданд, ки дастоварди нодир шумурдан лозим аст.
Дар қатори шаҳсуханҳои маъруф аз қабили «мардуме, ки артиши худро хуронда наметавонад, нафақаи артиши бегонаро таъмин мекунад», Пешвои миллат ба таври кутоҳ гуфтанд, ки хеле таъсирбахш ва ҳушёрсозанда аст: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад, яъне ҷойгоҳашро ба фарҳанги бегона медиҳад», ки ҳақиқати маҳз аст. Ҳақиқате, ки то имрӯз аз ҷониби на танҳо мардуми авом, балки олимони сатҳи баланди ҷумҳурӣ то имрӯз дарк нашудааст. Аксарият дарк намекунанд, ки танҳо таърихи миллат, фарҳанги миллат, махсусан фарҳанги бостонии ниёгон, рушди забони модарӣ метавонанд моро аз нестӣ наҷот бахшанд. То имрӯз шиори «мурдагонро зинда накунед», «таърихи гузаштаро бод накунед» ва ѓайра ки маънояшон аз омӯзиши фарҳангу таърихи миллат даст кашидан ва ба осиёби бегонаҳову душманон об рехтан аст, аз суханронии кормандони Академия низ шунидан мумкин аст. Дар ҳолате, ки ҳамсоямиллатҳои мо ҳарчанд дар давраи шуравӣ номи худро чанд бор иваз кардаву, имрӯз таърихи қавмҳои ориёиро азхуд кардан мехоҳанд ва бо ёрии кулли илмҳо ва факту рақаму далелҳои номуносиб онро исбот кардан мехоҳанд.
Албатта, ҳадаф аз омӯзиши фарҳанги ниёгон, махсусан фарҳанги ҳуқуқии миллат аз як тараф ифтихори миллӣ, эътирофи давлату миллати бостониамон бошад, аз ҷониби дигар, эътироф намудани саҳми ниёгони мо дар таърихи тамаддуни башар ва интихоби падидаву меъёрҳои барои дурнамои кишвар зарурӣ меравад, ки мо имрӯз низ онро истифода намоем. Сухан инчунин оид ба он меравад, ки роҳу усул, яъне методологияи ҳалли масоили баҳсиву мавриди ташвиши мардумро аз гузаштагон омӯзем, роҳу воситаҳои ҳалли масоили ҳаётиро азхуд намоем, қонунгузории махсуси худро мисли қонунгузории ориёӣ «Дат»-ҳо, дар марҳилаи исломӣ – «фиқҳ» дошта бошем, ки мавриди омӯзиши дигарон бошад.
Дар генҳои мо хуни ҳамон миллате равон аст, ки ба вуҷуд овардани як чизи нав, хосса, эъҷодкорона, нодир дар табиати мо аст. Аз ин сабаб, бояд дар илм ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд набошад. Мо бояд ҳар як саҳифаи таърихи худ, фарҳанги ниёгон ва давлатдории худро мушикофона омӯзем, маърифат кунем ва аз он хулосаҳои дурусту илмӣ ҳосил кунем. Баъзан таъриху фарҳанги ниёгон, сабақи таърихӣ барои он мавриди таҳлил қарор мегирад, ки то хатоҳои онро такрор накунем, хатоҳои нобахшиданӣ содир накунем ва мардумамонро худшиносу зирак тарбия намоем, то туъмаи кишварҳои дигар, фирефтаи мафкураи дигарон нашаванд. Умед ба худ бандем, ҷасуру бошуҷоат бошем, то манфиати худамон ва миллату давлатамонро ҳимоя карда тавонем. Ба андешаи мо таносуби Паём ва фарҳанги ҳуқуқиро танҳо дар ҳамин росто дарку маърифат намудан лозим аст.
Буризода Э.Б.
- д.и.ҳ., профессор
мудири шуъбаи таърихи давлат
ва ҳуқуқи ИФСҲ-и АМИТ

