НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки модар таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад (б. 1 моддаи 34). Аз ин рӯ, сиёсати ҷорӣ дар самти таҳкими оила, таъмини ҳифзи манфиатҳои модар ба қонуни асосии мамлакат асос ёфта, баҳри ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими арзишҳои оилавӣ равона гардидааст.
Дар айни замон фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъи моддии оилаҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакон ва ғайра нигаронида шудааст.
Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Бонувони муҳаққиқи шуъбаи Таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ даҳсолаҳост, ки сарнавишти худро бо олами илму таҳқиқ пайвастаанд ва аз ин пайванд самароти неку арзишманди илмӣба бор омадааст, ки дар осори ин бонувони муборизи майдони илму фарҳанг ва тамаддуни хосси миллати тоҷик инъикос ёфтааст.
“Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар”.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан модар калимаест, ки ҳамеша аз забони ҳар яки мо садо медиҳад.
Таърихи башарият пур аз ҳаводиси гуногуни таърихию иҷтимоӣ буда, варақгардонии таърих, ки китоби зиндагиномаи кулли башарият маҳсуб мешавад, дар умқи худ аз нақши муборизи зан ба ҳайси як узви ҷомеа барои ҳифзу дифои Ватан, бунёдгузорию устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ дарак медиҳад.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш Ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?