23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳар як миллат таъриху санаҳои муҳим ва хотиравии худро дорад, ки нишондиҳандаи роҳи тайкардаи он мебошад. Ин санаҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар ҳар як шахс бедор менамоянд. Барои миллати тоҷик аз ҷумлаи, яке аз ин санаҳои муҳим 23 феврал ба ҳисоб меравад.
Аз соли 1922 инҷониб ин рӯз дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, маҳз 23 феврали соли 1993-ро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эълон намуд.

