Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ӯро дар таълифоташон «Мавлоно ва тамуддуни инсонӣ» ҳамчун «ориф, шоир ва инсонгарои ростин» баҳогузорӣ намудаанд, аз зумраи он нобиғагони миллати куҳанбунёди мо, чун Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳофизу Умари Хайём аст, ки на танҳо дар Шарқи асримиёнагиву имрӯза, балки дар Ғарби Замони наву даврони муосир низ маълуму машҳур мебошад.