Skip to main content

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРДҲО ВА СОЗАНДАГИҲО

(бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ)

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ, балки заминаи бунёдии ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин муайян намудани мақому ҷойгоҳи кишвар дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар назди ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи таърихии бунёди давлати мустақил, соҳибихтиёр ва дорои низоми муосири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро гузошт. Дар ин замина, солҳои соҳибистиқлолӣ ба яке аз муҳиммтарин марҳилаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон табдил ёфта, барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

123Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккаб ва пурпечутоби давлатсозиро тай намуда, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари бартараф намудани мушкилоти сиёсию иҷтимоии солҳои аввали истиқлолият, ба таҳкими институтҳои давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуд. Ин давра аз лиҳози таърихӣ барои миллат марҳилаи санҷиши қобилияти давлат ва ҷомеа дар ҳифзи истиқлолият, таъмини ягонагии миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлат ба шумор меравад.

Яке аз муҳиммтарин омилҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан ва ҳифз намудани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ бидуни суботи дохилӣ, ризоияти шаҳрвандӣ ва ваҳдати ҷомеа наметавонад ҳамчун омили устувори рушди миллӣ амал намояд. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу суботи сиёсӣ барои Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти иҷтимоӣ, балки хусусияти стратегӣ касб намуда, барои гузариш аз марҳилаи барқарорсозии давлат ба марҳилаи рушди устувор шароити зарурӣ фароҳам овард.

Дар давраи истиқлолият заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ низ таҳким ёфтанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, муайян намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳаммияти калидӣ дошт. Дар асоси такмили қонунгузории миллӣ ва рушди институтҳои давлатӣ механизмҳои идоракунии давлатӣ тадриҷан такмил ёфта, барои таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаҳои ҳуқуқию сиёсӣ фароҳам гардиданд.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон барои рушди иқтисоди миллӣ имкониятҳои нави стратегӣ ба вуҷуд овард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати иқтисодии кишвар ба барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтор, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ равона гардид. Бунёди иншооти бузурги иқтисодию энергетикӣ, сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо, таъсиси корхонаҳои нав ва рушди инфрасохтори истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати созандагӣ мебошанд. Ин раванд барои таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори минтақаҳои кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлати соҳибистиқлол рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин давра ба рушди маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Бунёд ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ба ташаккули сармояи инсонӣ мусоидат намуд. Дар шароити муосир маҳз сармояи инсонӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият инчунин барои эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Арзишҳои таърихию фарҳангӣ, забони давлатӣ, мероси маънавӣ, анъана ва суннатҳои миллӣ ҳамчун ҷузъҳои муҳимми ҳувияти миллӣ дар сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат мавқеи хос пайдо карданд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, дар давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи худро тадриҷан таҳким бахшид. Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳо, рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Иштироки фаъоли кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор ба баланд гардидани мақоми байналмилалии кишвар мусоидат намуданд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои давраи истиқлолият ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди ҷомеа мебошад.

Маҳз суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки иқтидори созандагии давлат ва ҷомеа ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори миллӣ равона карда шавад.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми давраи истиқлолият густариши корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодӣ сохта ва ба истифода дода шуданд.

Дар ин раванд рушди соҳаи энергетика аҳаммияти махсус дорад. Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии кишвар, балки барои таҳкими иқтидори содиротии энергетикии Тоҷикистон ва рушди иқтисоди миллӣ аҳаммияти стратегӣ доранд.

Рушди роҳу нақлиёт низ ба густариши робитаҳои иқтисодии дохилӣ ва минтақавӣ мусоидат намуд. Сохтмони нақбҳо, роҳҳои автомобилгард ва пулҳо маҳдудиятҳои ҷуғрофиро коҳиш дода, минтақаҳои гуногуни мамлакатро ба ҳам наздиктар намуд.

Дар солҳои истиқлолият ба рушди маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.

Сармояи инсонӣ дар шароити иқтисоди муосир яке аз омилҳои асосии рушди миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, рушди илм ва технология, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дастгирии ҷавонон барои таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Аз ин нуқтаи назар, 35 соли Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳамчун як марҳилаи муҳимми таърихӣ дар раванди ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон арзёбӣ гардад. Ин давра дар баробари мушкилот ва таҳдидҳои гуногун, таҷрибаи муҳимми давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ, бунёдкорӣ ва ташаккули заминаҳои нави ҳамкории байналмилалиро ба вуҷуд овард. Дастовардҳои бадастомада таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо арзиши сиёсӣ, балки муҳиммтарин шарти ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди давлатдорӣ ва таъмини ояндаи устувори кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷашни як санаи таърихӣ нест, балки имкони арзёбии дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, таҳлили таҷрибаи давлатсозӣ ва муайян намудани вазифаҳои стратегии марҳилаи минбаъда мебошад. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди илм ва технология, тарбияи насли ҷавони ватандӯсту соҳибмаърифат ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давраи минбаъдаи давлатсозӣ ба шумор мераванд.

Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121