ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ!
Иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ бо андӯҳи амиқ ва дилҳои пур аз ғам хабар медиҳад, ки собиқ корманди Институт номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед аз миёни мо рафт.
Даргузашти ин шахсияти фурӯтан, соҳибхирад ва масъулиятшинос барои ҷомеаи илмӣ, ҳамкорон ва шогирдонаш талафоти ҷуброннопазир мебошад.
Марҳум бо дониши амиқ, таҷрибаи ғании илмӣ ва садоқати самимӣ ба касбу рисолати худ дар рушди илми ҳуқуқ, таҳкими тафаккури ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми арзанда гузошта, ҳамчун инсони покниҳод, нексиришт ва хайрхоҳ дар ёди ҳамагон боқӣ хоҳад монд.
Хизматҳои шоиста ва фаъолияти пурсамари эшон дар соҳаи илм ва маориф саҳифаи равшани таърихи муассисаи мо буда, номи некашон ҳамеша бо эҳтиром ва қадрдонӣ ёд хоҳад шуд.
Иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар ин лаҳзаҳои сангин ба аҳли оила, пайвандон, наздикон, ҳамкорон ва шогирдони марҳум ҳамдардии самимии худро баён намуда, ба ҳамаи онҳо сабри ҷамил мехоҳад.
Худованд руҳи шодравонро дар паноҳи раҳмати хеш қарор дода, манзили охираташро обод ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Ёди нек, номи пок ва хизматҳои арзандаашон ҳамеша дар дилҳо зинда хоҳанд монд.
