Skip to main content

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ТАШАККУЛ ВА ТАКМИЛИ СИСТЕМАИ СИЁСИИ ҶОМЕА ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Таҳти чунин унвон, имрӯз 05 сентябри соли ҷорӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсия бо суханронии ифтитоҳии директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. оғоз ёфт, ки дар он аҳаммияти таҳқиқи арзишҳои истиқлолият дар таҳкими худшиносии миллӣ ва суботи сиёсӣ таъкид гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Зокирзода Н.М. дар мавзӯи «Истиқлолият ва ташаккули тамоюлҳои арзишӣ дар ҷомеа» баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки истиқлолият на танҳо заминаи ҳуқуқиву сиёсии давлат, балки рукни асосии ташаккули ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа мебошад.

Сипас, Бобоҷонзода И.Ҳ., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи масоили назарияи давлат ва ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ дар мавзӯи «Арзишҳои истиқлолият ҳамчун заминаи ташаккулёбии тарбияи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Саидов Н.Ш., номзади илмҳои сиёсӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ дар мавзӯи «Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об — дастоварди беназири Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» баромад намуда, саҳми дипломатияи обии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кард.

Дар идома, Сафарализода Х.Қ., доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ — манфиати ҳаётан муҳими кишвар» суханронӣ кард.

Қодирзода Т.Қ., номзади илмҳои ҳуқуқ, ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи давлат ва ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ» баромад намуд.

Давлатов З.А., ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ кард.

Бедилзода Ҳ.К., мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, дар мавзӯи «Истиқлолияти сиёсӣ — шаҳсутуни давлати миллӣ» сухан ронд.

Муродов С.А., номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ дар мавзӯи «Ташаккули системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баромад кард.

Инчунин, Ким В.М., ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ, дар мавзӯи «Независимость Таджикистана: основные этапы, достижения и особенности» маърӯза намуд.

Дар анҷоми конференсия иштирокчиён зарурати таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни истиқлоли давлатӣ ва густариши корҳои илмӣ дар ин самтро таъкид намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123