Skip to main content

МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА ОМИЛИ ХУДШИНОСӢ

«Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди ҷомеа, масъалаи ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ тавассути омӯзиш ва эҳиёи ҷашнҳои бостонии аз қабили Меҳргон, Сада, Наврӯз ва Тиргон аҳаммияти хосса доранд. Ин ҷашнҳои ниёгони мо ҷузъи арзишманди мероси таърихию фарҳангӣ, буда дар ҳифзи суннатҳои миллӣ, таҳкими ва идомаи анъанаҳои неки ниёгон нақши муҳим дорад. Дар миёни ин ҷашнҳо иди Меҳргон мақоми хосса дошта, аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор шинохта мешавад, ки дар он, анъанаҳои кишоварзӣ ва муносибати инсонро бо табиат инъикос менамояд.

Меҳргон дар низоми байни ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷик, як бозтоби ҷаҳонбинии фалсафӣ, ва таҷрибаи чандинҳазорсолаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии гузаштагонамон ба шумор меравад. Пайдоиш ва рушди ҷашн бо тасаввуроти қадимаи мардумони ориёитабор дар бораи гардиши фаслҳои сол, ва табиат, ҳосилхезии замин ва аҳаммияти неъматҳои моддӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, Меҳргонро бояд ҳамчун як шакли таърихии ифодаи муносибати инсон ба табиат, ва неъматҳои зиндагӣ баррасӣ намуд.

Аз нигоҳи таърихӣ, Меҳргон бо анҷоми мавсими асосии кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил аз заҳмати деҳқонон мебошад. Меҳргон ҷашни суннатии тоҷикон рамзи фаровонӣ, баракат, шукргузорӣ ва қадршиносии меҳнати инсон мебошад. Аз ин рӯ, таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷашни Меҳргон на танҳо барои дарки таърихи ҷашнҳои суннатӣ, балки барои шинохти таммадуну фарҳанги халқи тоҷик низ аҳаммияти муҳим дорад.

Ҷашни Меҳргон мардумро ба қадршиносии неъматҳои табиат, эҳтироми меҳнат ва таҳкими муносибатҳои инсонӣ даъват менамояд. Меҳргон на танҳо ҳамчун мероси таърихии гузашта, балки ҳамчун сарчашмаи муҳими тарбияи маънавию ахлоқӣ низ мебошад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишаӣ нақши Меҳргон барои миллати мо хеле баланду боло арзёбӣ мегардад, зеро анъана ва дигар арзишҳои миллӣ сипаре мебошанд, ки ба худшиносии миллӣ таъсири мусбат расонида мардумро ба созандагию бунёдкорӣ далолат менамояд.

Дар чунин шароит, омӯзиш ва тарғиби бошууронаи ҷашнҳои миллӣ метавонад барои мустаҳкам намудани робитаи наслҳои имрӯз бо мероси ниёгон ва ташаккули эҳсоси масъулият нисбат ба ҳифзи арзишҳои миллӣ замина фароҳам оварад. Баррасии сарчашмаҳои таърихӣ, расму оинҳои мардумӣ ин ҷашн имкон медиҳад, ки мазмуни рамзӣ ва ҷойгоҳаш дар системаи фарҳанги тоҷикон дақиқтар муайян карда шавад.

Эҳё ва гиромидошти ин ҷашни ниёгон на танҳо ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ таъсир мерасонад, балки барои рушду нумуи маърифати таърихӣ ва идомаи анъанаҳои беҳтарини ниёгон аҳаммияти хосса дорад. Меҳргон ҷашни файзу баракат ва омили бузурги худшиносии миллӣ мебошад,ки таърихи панҷҳазорсола дорад. Ин ҷашни ҳифзи суннатҳои милдлӣ, ҷашни кӯҳнатарини ориётаборон, муносибати инсон ба замину обёрӣ, ҳосилхезии замин ва ҷаҳонбинии аҷдодӣ мебошад,ки бо ибтикори Президенти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё карда шуд ва боиси ифтихормандии миллати сарбаландӣ тоҷик гардид.

Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна номзади илмҳои сиёсӣ,

ходими илмии шуъбаи масоили муносибатҳои байналмилалии АМИТ.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121