Skip to main content

ПАЁМИ УМЕДБАХШ

Халқи сарбаланди кишварамон имсол 35-умин соли ба даст овардани Истиқлоли давлатии деринтизори хешро таҷлил менамояд. Бо мурури солҳо мисли оина равшан аст, ки дар ин давраи ҳассоси таърихӣ ҷумҳурии азизи мо ба таҳаввулоти бемисл ноил гардида, дар роҳи рушди устувор бо қадамҳои бузург ба сӯи дастовардҳои нав ба нав пеш меравад ва дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои гузошта комёб мегардад.

213Мардуми Тоҷикистон одат намудааст, ки натиҷаву нишондодҳои рушди кишварро ҳамасола дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастовез дар охири сол қабул намуда, онро мавриди омузишу таҳлил қарор диҳад.

Паёми ироъанамудаи Пешвои муаззами миллат ба назари банда, имсол хусусиятҳои хоси худро дошт. Аввалин нуктае, ки пас аз дидану шунидану мутолиаи паём бар меояд, ин эътимоду эътиқод, самимияту ризомандӣ, аз мардуми заҳматкаши Тоҷикистон буд. Дар матни паём ва ҳатто берун аз он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси худро ба халқи Тоҷикистон ва ба кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ борҳо баён намуданд. Чунин арзи миннатдорӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ – барои дастоварду пешниҳодҳои назарраси татбиқи барномаҳову ҳадафҳои стратегӣ, барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, барои 2,7 баробар афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, барои то 19 % коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, барои беш аз шаш баробар афзун гардонидани даромади пулии аҳолӣ, ба кулли аҳолии кишвар изҳор шуд.

Пешвои муаззами миллат миннатдориву қаноатмандии хешро ҳамчунин ба ҳамаи кишоварзон, деҳқонон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ, ки бо заҳмати содиқонаву ватандӯстона ва истифодаи оқилонаи обу замин маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол мекунанд, изҳор доштанд. Сарвари давлат дар ҷараёни паём ҳамчунин барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муасисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Ва ниҳоят дар ҷамъбаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ҳамин нерӯи азими созандагиву бунёдкориро идома дода, ҷашни 35-солагии Истиқлолро сазовор истиқбол мекунанд ва фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад. Ҳамин эътимоди комил ва арҷгузории халқи кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами мо нишони иттиҳоди қавӣ ва ногусастании байни мардум ва давлату ҳукумати мамлакатамон мебошад, ки ин омили муҳиму ҳаётсоз ба мо имкон медиҳад, ки ба ояндаи Ватанамон итминони комил дошта бошем ва таҳкиму рушди ин равандро қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии худ донем.

Вижагии дигари паёми навбатӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми ироаи он, Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои иқтисодиву рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба масъалаҳои муҳими давлатдории кишварамон дар шароити кунунии ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддӣ, ба ҳуввияти миллӣ, одобу ахлоқи ҷомеа, такмили тарбияи маънавии ҷавонон дахл намуданд.

Дар шароити имрӯза, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ доранд, шиддат мегиранд, масъалахои таҳқими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тавсеаи ҳувияти миллӣ, азиз донистани Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузори ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик ва ҳамчунин бузургдошти абармардони раҳи илму адаб вазифаҳои муҳим арзёбӣ мешаванд.

Мардуми Тоҷикистон хеле хуб огоҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат ҳамеша ба масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ, муаррифии тамаддуни бостонии халқи тоҷик таваҷҷӯҳи хоса зохир намудаанд. Бунёди зиёд аз 150 иншоотҳои соҳаи фарҳанг ва таъмиру азнавсозии 350 иншоотҳои дигари ҳамин соҳа, маҳз бо ташаббусҳои Сарвари Давлат сурат гирифтанд.

Мероси таърихиву фарҳангӣ дарвоқеъ шиносномаи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Аз ин лиҳоз бо ибтикору ташаббуси Роҳбари давлат ба таври ройгон ба аҳолӣ тақсим намудани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғавуроф ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ иқдоми ватандӯстонаву фарҳангдӯстона ба шумул меравад.

Чи тавре, ки дар паём зикр гардид, масъалаи ҳифзу беҳдошти ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ низ, масъалаи муҳим мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат зиёда аз 100 иншоотҳои бостонӣ таъмиру тармим ва навсозӣ шуданд. Дар робита мавзӯи беҳдошти ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, раванди ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани онҳо низ кори муҳим маҳсуб мешавад. Дар соли 2025 бо саъю талоши кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи номбаршуда ворид карда шуд. Ҳамчунин дар ин радиф аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент, ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ» ва бузургдошти 1059 солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027, далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Иқдоми дигаре, ки воқеан боиси ифтихори миллати сарбаланди мо аст, ин эътирофи Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният мебошад. Зимнан Пешвои миллат ба масъулин дастур доданд, ки барои тавассути ЮНЕСКО дар арсаи байналмилалӣ таҷлил намудани яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсозии касбии қаламрави ориёӣ – Борбади Марвазӣ иқдоми зарурӣ варзанд.

Масъалаи дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, ки масъули он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон гардид, низ аз он пайғом медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи моро ниҳоят барои соҳибӣ кардани мероси оламшумули фарҳанги ҷовидонаамон ҳидоят месозанд. Сарвари давлат ифтихор доштани аҷдоди хирадманди мо, ки «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро широи зиндагиамон донистаанд, ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона пазируфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ, бузургдошти табиат ва асоси хувият ва асолати мо аст, барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Маркази байнамилалии Наврӯз дастур ироъа намудаанд. Ин Марказ бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, намоишгари суннату анъанаҳои башардӯстонаи он буда, барои тарбияи наслҳои оянда бунёд карда мешавад.

Боиси сарфарозист, ки аллакай ин ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, бо эҳсоси баланди миллӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қабул гардид ва корҳои муқаддамотии бунёди марказҳо оғоз шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон молики аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ мебошад ва дар роҳи зарурати ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддуни миллати тоҷик, амали неку шоиста мебошад.

Мо аминем, ки бунёди ин марказҳо аз лиҳози меъмориву шаҳрсозӣ бо унсурҳои қадимаи эъмори биноҳои бузург, бо истифода аз рамзҳои тамаддуни ориёӣ, унсурҳои ҳунарҳои миллӣ, саънати кандакориву наҷҷорӣ ва ҳамзамон бо истифода аз хусусиятҳои беҳтарини меъмориҳои муосир анҷом хоҳад ёфт. Ин иқдомҳои таърихсозу сарнавиштсозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе шакку шубҳа барои дар сатҳи навини арзанда ҷилвагар намудани худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси бостонии маънавии халқи тоҷик созгор хоҳад шуд. Бунёди ин маҷмааҳои таърихиву фарҳангӣ ба андешаи мо махсусан барои тарбияи насли наврас ва ҷавонони Ватанамон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаи пурифтихорамон зарур мебошад. Дар шароити мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, муборизаи шадиди фарҳангҳо ин марказҳо метавонанд, ҳамчун пойгоҳҳои тарбиявиву маънавию маърифатӣ ҳамчун пули маънавӣ байни дирӯз, имрӯз ва фардо истифода шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллии мардуми тоҷикро ҳамчун унсури наҷотбахши миллат ном бурда, таҳкими онро асоси пешрафти давлатдории кунунии мо донистанд. Ба қавли Пешвои миллат ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ягонагии ҳамаи халқи Тоҷикистон аз яроқи ҳастаӣ низ пурзӯртар аст.

Сарвари маҳбуби давлат ҳангоми ироъаи паём дар муроҷиат ба насли наврас ва ҷавонони бо нангу номуси даврони истиқлол, изҳор намудаанд, ки онҳо бо истифода аз имкониятҳои фаровони таҳсилу кору фаъолият, дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.

Пешвои миллат дар паём нақши бонувону занон ва духтаронро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа қадргузорӣ намуданд ва изҳори бовар карданд, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин дар сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар харҷ менамоянд ва занону бонувон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот, исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.

Ҳамин тариқ, паёми Президенти кишвар бо гузориши масъалаҳои ҷиддии ғояҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик ва бо самимияту сипосмандӣ ба меҳнати бунёдкоронаву созанда даъват намудани мардуми сарбаланди кишвар, бешубҳа дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ – сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва

сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123