Skip to main content

САДА – ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК БАРОИ ОМОДАГӢ БА КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Дар таърихи миллати мо вожаи “ҷашн” (аз решаи тоҷикӣ-форсӣ дошта, ба маънои сутудан, парастидан, ниёиш) анҷоми расму ойинҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ зам мекунад, мефаҳмиданд. Ба ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёконамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз ва фарҳангустари Пешдодиён нисбат додаанд, шомил буданд: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун.

121Дар мавриди таърихи пайдоиш, анъанаву суннатҳои ин ҷашнҳо то ба имрӯз иттилоъ ва маводи фаровон захира шудааст, ки як кохи бегазандро ташкил дода, тамоюли ҳувиятшинохтӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳои мухталифи онҳо то ҳол пурра таҳқиқ карда нашудаанд.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардидааст.”

Миёни ҷашнҳои мазкур ҷашни Сада дар баробари идҳои мавсимии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои бостонӣ буда, маншаъ аз фалсафаи куҳан дорад. Нур ё гармӣ (оташ) ҷавҳар ва ё худ рамзҳои он мебошанд, ки асли зиндагиофарӣ дошта, инсонро барои мубориза бурдан алайҳи қувваҳои бадиӣ, шоиста зистан, муҳофизат кардани худ аз сармо ва торикӣ ҳидоят менамоянд, зеро инсон ҷузъи табиат аст ва ҳаёту зиндагии ӯ маҳз бо иртибот доштанаш ба унсурҳои табиат маъно мегирад. Аз ин рӯ, аз лиҳози фалсафӣ ин вижагиҳои ҷашни Сада далолат аз он мекунанд, ки он ба таълимоти ҳастишиносии зардуштӣ, ки нур ва ростиро муқобили торикӣ ва дурӯғ мегузорад, шабоҳат дорад.

Вожаи “Сада” дар китоби “Авесто” ба маънои тулуъ ва ғуруб, фарозу фуруди хуршед, падид омадан, равшан шудан, зоҳир шудан, тавзеҳ ёфтааст. Аз ин фаҳмиш бармеояд, ки мафҳуми “Сада” на фақат ифодакунандаи масоили иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҳувиятшинохтӣ, балки ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад. Абурайҳони Берунӣ аз лиҳози этимологӣ пайдоиши мафҳуми Садаро бо шумори “сад”, ки панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аз он то Наврӯз мондааст, тавзеҳ медиҳад.

Дар мавриди пайдоиши ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ ва байни донишмандон низ андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Масалан, Фирдавсӣ дар асари безаволи худ “Шоҳнома” маълумот медиҳад, ки Сада бо кашфи оташ, ки ба шоҳи Пешдодиён Ҳушанг рабт дорад, пайдо шудааст. Ӯ андешаҳои худро дар ин бобат ба таври зайл ба назм кашидааст:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу ҳанг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мори кушта, валикин зи роз,

Аз ин табъи санг оташ омад фароз.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ.

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз ободу кардан ҷаҳон ёд кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Ин андешаи Фирдавсӣ, ҳарчанд хусусияти асотирӣ дорад, вале ба ҳақиқат наздик аст, зеро кашфи оташ ҳамчун як унсури зиндагиофар дар ҳаёти инсоният як инқилобро ба вуҷуд овард. Ин амр ифодакунандаи он идеяе гашт, ки кашфи оташ ин пирӯзии ақл бар табиат, оғози тамаддун ва фарҳангӣ инсонӣ, гузариши инсон аз давраи ваҳшоният ба марҳалаи рушди ақлоният мебошад.

Сада таърихан миёнаҳои фасли зимистон, даҳуми моҳи баҳман мувофиқ ба охири моҳи январи солшумории мелодӣ бо афрӯхтани гулхан, ки рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, мубориза ба муқобили сармо ва ё марг, наздикшавӣ ба гармӣ, муждаи омадани фасли зиндашавии табиат, Наврӯзро ифода менамуд, таҷлил карда мешуд. Ин аст, ки дар фарҳанг ва фалсафаи ориёӣ оташ намоди равшанӣ, як таркиби махсуси чаҳорунсур, ки офариниши мавҷудот аз он низ вобастагӣ дорад, маншаъ мегирад.

Ҳамзамон, Сада чун дигар ҷашнҳои бостонии аҷдодиамон ҷашни мазҳабӣ нест ва ба ягон идеологияи динӣ вобастагӣ надошт. Он ҷашни табиӣ-фалсафӣ буда, ба мисли ҷашнҳои дигар мардумро ба поккорию ростгӯӣ, некандешию хайрхоҳӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, дустиву рафоқат, иттиҳоду сарҷамъӣ даъват мекард. Бавижа, дар гирди гӯлхан сарҷамъ гашта, сурудхонӣ ва рақсу хурсандӣ кардан, ҳангоми тоза кардани рӯдҳову ҷуйборҳо ба тариқи ҳашар, ба ҳамдигар дасти мадад расонидан, омода карданӣ анвоъи тухмиҳо барои кишт ва ғайра муттаҳидӣ ва ваҳдати мардумро нишон медод.

Ба маънои дигар, чи тавре фарҳангшиноси тоҷик С.Раҳимов барҳақ қайд кардаанд, Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзӣ, падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд, зеро ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд.

Аз ин рӯ, дину идеологияҳои гуногун тули таърихи дароз ба хотири бақои худ ин ҷашнҳоро эътироф кардаанд. Доираи худро аз марзу бум ва фазои хеш васеъ накарда бошад ҳам, вале ҷашнҳои миллӣ, бахусус, Сада бо фалсафаи худ марзҳоро убур карда ва то ба замони имрӯз расида, рӯз ба рӯз боз таҳаввул ёфта истодааст.

Таҷлили ҷашни Сада барои миллати тоҷик ва дар Тоҷикистони муосир вижагириҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла:

- ҳамчун арзиши фарҳанги кишоварзӣ ба мардум омодагӣ ба оғози корҳоро дар фасли баҳор - фасли зиндашавии табиат ҳушдор медиҳад;

- моҳияти ҷомеасозӣ, муттаҳиднамоии мардумро дошта, диди некбинона ва садоқат ба инсон, замину меҳнатро ифода мекунад, ки маҳз чунин тамоюлгирии он тули қарнҳо барои бақои он нақши муассир гузошт;

- мардумро ҳушдор медиҳад, ки асбобу воситаҳои техникӣ, иншооти обтаъминкуниро, ки барои коркарди замин ва омода кардани он ба кишт, саривақт обёрӣ кардан ниёз доранд, таъмир карда, дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад ва анвоъи тухмиҳоро аз санҷиш гузаронида, дар ҷойи мусоид барои кишту кор захира намояд, инчунин ҷуйбору рӯдҳоро тоза карда, ба ҳолати истифодабарӣ мусоид гардонанд;

- агар ҷашни Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор мужда диҳад ва Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат ва ранҷ парваришкардаи деҳқон бошад, пас Сада омодагии ҷиддӣ ба оғози корҳои баҳорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин ҷашнҳои миллӣ монанд ба ҳалқаи занҷира аст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан нашояд ва ғайра.

Имрӯз мо ҷашни Садаро на танҳо як ёдгории куҳани аҷдодӣ муаррифӣ менамоем, балки вобаста ба пешрафти ҷомеаи техногенӣ арзишҳои навро ба он ворид месозем ва ба он шукуҳу ҷалоли тоза мебахшем, то он ташаккулу таҳаввул ёбад. Бавижа, гулханандӯзӣ, ташкили ҳашар барои тоза кардани ҷуйбору рӯдҳо, омода кардани заминҳои нав барои кишту кор ба ҳукми анъана бояд дарояд ва мардуми заҳматқарини Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои ободонию созандагӣ ҳидоят намояд.

Нозим Маҳмадизода доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123