Skip to main content

САДОҚАТ БА ИЛМ, МАСЪУЛИЯТ ДАР РОҲБАРӢ ВА ХИЗМАТ БА ҶОМЕА

Имрўз яке аз шахсиятҳои соҳаи илми фалсафа Маҳмадизода Нозим Давлатмурод – доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷашни зодрўз доранд.

Мавсуф аз зумраи олимони барҷаста ва ходимони фаъолу ташаббускори соҳаи илму маорифи кишвар ба шумор рафта, бо фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандаашон дар рушди фалсафа, сиёсатшиносӣ ва таҳқиқи масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ-сиёсӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Роҳи пурмаҳсули илмӣ ва идоракунии эшон намунаи садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Хизматҳои илмии Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, бахусус таҳқиқоти амиқ дар самти омӯзиши зуҳуроти ифротгароии динӣ-сиёсӣ, дорои аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ буда, дар таҳкими суботи ҷомеа, рушди худшиносии миллӣ ва таъмини амнияти фикрии ҷавонон нақши муассир доранд. Асарҳо, монографияҳо ва мақолаҳои илмии эшон дар миёни муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ мавқеи хос касб намудаанд.

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод - 29 январи соли 1985 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои фасафа, профессор, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мебошад. Соли 2007 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 2007-2008 коромӯз, унвонҷӯи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи ДМТ буда, солҳои 2009-2012 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳ таҳсил кардааст. Тули солҳои 2012-2013 дар вазифаи муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа фаъолият намуда, аз соли 2013 то соли 2015 дар вазифаи дотсенти кафедраи мазкур ва муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети ифои вазифа намудааст. Тули солҳои 2015-2016 бошад, вазифаи мудири кафедраи идораи давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дошта, солҳои 2016-2018 ба сифати директори Институти Конфутсии назди ДМТ фаъолият намудааст. Солҳои 2018-2021 дар вазифаи дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифат кор карда, аз соли 2018 то соли 2023 вазифаи декани факултети фалсафаро ба уҳда доштааст.

Аз моҳи майи соли 2023 то январи соли 2024 дар вазифаи котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз 29-уми феврали соли 2024 ба вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуки ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таъйин гардидааст.

Соли 2020 Маҳмадизода Н.Д., дар мавзуи «Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он» рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа гардид. Муаллифи китобҳои дарсии «Фалсафаи табиат» ва «Фалсафаи сиёсат», 3 монография ва беш аз 70 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Самти асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии Н.Маҳмадизодаро омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ ташкил медиҳад. Хусусан, монографияи муаллиф зери унвони «Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он» аз асарҳои илмии арзишманди муаллиф ба ҳисоб меравад. Монографияи мазкур ба таҳқиқи омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва психологии зуҳуроти ифротгароии динӣ-сиёсӣ, душвориҳою тамоюлоти ташаккулёбии таълимоти динӣ ва омилҳои берунӣ ва геосиёсӣ дар пайдоишу инкишофи ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик бахшида шудааст.

Хусусан, тавсияву пешниҳодҳои амалии муаллиф дар барои пешгирӣ аз вусъатёбии ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи Тоҷикистон илман асоснок шудаанд, арзиши баланди илмӣ доранд. Аз ин рӯ, истифода ва татбиқи онҳо дар амалияи иҷтимоӣ метавонад паҳншавии ин зуҳуротро дар байни ҷавонони кишвар коҳиш дода, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувият ва шинохтро дар вуҷуди онҳо тақвият бахшад.

Аз номи кормандони ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва ҳамкорону дустон ба эшон саломатии бардавом, умри дароз, неруи тоза, комёбиҳои нави илмӣ, муваффақият дар фаъолияти роҳбарӣ ва зиндагии пурсаодат таманно дорем.

Бигзор таҳқиқот ва ташаббусҳои созандаатон ҳамеша ба нафъи илми тоҷик ва пешрафти Ватани азизамон хизмат намоянд.

Самиев Б.Ҷ. - д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Назарзода С.Т. - н.и.ф., котиби илмии ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123