СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Имрӯз, 19 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Масъалаҳои омӯзиши фалсафаи ниёгон» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ дар доираи таҷлили 80-солагии муҳаққиқи шинохта Шарипов Абдуғафор ташкил шуда, ба масъалаҳои марбут ба мероси ғании фалсафии ниёгон, арзишҳои маънавию илмӣ ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии ҷомеа бахшида шуд.
Дар оғози чорабинӣ директори Институт доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод баромад намуда, саҳми арзишманди устод Шарипов Абдуғафорро дар рушди фалсафаи тоҷик, омӯзиши таърихи афкори фалсафии халқи тоҷик ва тарбияи кадрҳои илмӣ-тахассусӣ таъкид карданд.
Сипас, як қатор маърузаҳои илмӣ аз ҷониби устодону муҳаққиқони соҳа пешниҳод гардид, ки дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни омӯзиши фалсафаи ниёгон, нақши мутафаккирони шарқ дар ташаккули афкори фалсафии умумибашарӣ, таҳлили осори мутафаккирони тоҷик ва муносибати муосир ба мероси маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш иштирокчиён пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд ва таъкид карданд, ки идомаи чунин чорабиниҳо метавонад ба таҳкими худшиносии миллӣ ва рушду таҳкими мактаби миллии фалсафаи тоҷик мусоидат намояд.
Семинар дар фазои илмӣ, мубодилаи афкор ва эҳтиром ба мероси маънавии миллат баргузор гардида, баёнгари таваҷҷуҳи устувори олимони тоҷик ба масоили фалсафаи ниёгон ва аҳамияти стратегӣ доштани омӯзиши он дар ҷомеаи имрӯза мебошад.
