Skip to main content

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР - БУНЁДГАРИ ХЕШТАНШИНОСИИ ТОҶИКОН

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки тамоми қуввату дониш ва нерўи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Фарҳанги миллати тоҷик марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиеро аз сар гузаронидааст. Агар муссалам ва амиқтар сайри таърихии сарнавиштсози миллати тоҷикон намоем, шахсиятҳои намоёне, ки дар таҳкими ҳуввияти миллат ва худшиносии миллӣ саҳму талоши беандозае намудаанд, дар таърих ва хотираи мо ҳамчун ситораҳои дурахшон абадӣ боқӣ ҳоҳанд монд.

Ин фарзонагони миллат ба мисли фарзандони дигари миллат таърихи фоҷиабор, пурпечутоб, мураккаб, сангин ва талхро аз сар гузаронидаанд. Ин мардони шуҷоъ ва далер дар гирдоби фитнаҳо, нокомиҳо, бозиҳои сиёсию қавмӣ, авлодию миллӣ ҷони худро аз даст додаанд. Аммо новобаста ба ҳамаи ин мушкилот ва носозгориҳо дар арсаи таърих ашхоси донишманд, шуҷоъ ва далере ба зуҳур омадаанд, ки барои ташаккули таърих, рушди фарҳанг, забон ва ниёгони худ талоши зиёде кардаанд. Ба қатори ин абармардон, ки дар таърихи миллатамон нақш ва хотираи фаромўшнашавандае доранд, аз қабили Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов ва дигарон низ шомил мегарданд.

Ин мардони масъулиятшинос, мардуми боору номуси тоҷикро баҳри рушду нумуи миллат, ҳуввияти миллӣ ва низоми давлатдорӣ аз хоби ғафлат бедор намуда, барои бартараф намудани гиреҳҳо, ки ба оромию осоиштагӣ, истиқлолият ва сулҳу иттиҳод монеъа эҷод менамоянд, бо эътимоди қавӣ ислоҳотҳои наве пешниҳод намудаанд. Миллати тоҷик хушбахтона бо заҳмати чандинасраи наслҳои содиқу ватандўсташ, мардуми боору номус ва шахсиятҳои бузурги таърихиаш худро нигоҳ дошт ва соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид.

Роҷеъ ба ин абармардони таърих миллати тоҷик, ба вижа Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад маъхазҳо ва санадҳои таърихии зиёде аз тарафи олимони рус ва тоҷик таҳқиқ гардидаанд, ки мавриди таваҷҷўҳи муштоқони ҳаёт ва фаъолияти онҳо ҳастанд. Бар асоси ин аснод ва далоили таърихи мусаллам гардид, ки ин фарҳехтагони таърихи миллати тоҷик хизмати беандозае барои ватани худ намудаанд.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз овони кўдакияш ба таҳсили илм шавқу мароми беандозаеро ҳосил намуда, аз дувоздаҳсолагӣ дар мактаби интернати русии маҳаллии шаҳри Хоруғ муддати чор сол таҳсил карда буд. Ҳадаф ва иштиёқе, ки нисбати илму дониш дошт, Шириншоҳро водор карданд, ки то дараҷаи мақоми ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ низ бирасад. Ногуфта намонад, ки Қаҳрамони Тоҷикистон танҳо чунин афроди донишманд ва шуҷоатманде маҳсуб мешавад, ки нерў ва дониши худро содиқонаву фарзандвор барои таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бунёди давлати мустақили миллии тоҷикон равона кардааст. Номи Нусратулло Махсум низ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди ҷонфидо ва содиқ ба арзишҳои миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Ҳарчанд дар бораи Нисор Муҳаммад маълумот нисбатан камтар аст, вале маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, ки ў аз чеҳраҳои маърифатпарвар, иштиёқмандони илм, мубаллиғи китоб ва маънавиёт, намоди бедории миллии тоҷикон буд. Ин абармарди тоҷик барои амалӣ кардани ормони чандинҳазорсолаи миллати маҳбуби худ, баҳри таҳкими сулҳу иттиҳод ва ягонагӣ мубориза бурда, нахустин шаҳрвандони комилҳуқуқи давлати хеш шуданд.

Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамрадифони ў барои соҳибдавлат гардидани миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бақои тоҷикон ҳамчун миллат ҷони худро дареғ надоштанд. Бо шарофати ҷасорати номбурдагон, вожаи тоҷик бо назардошти маъниву моҳият ва кафолати ояндаи дурахшон аз вартаи нобудӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Бояд таъкид кард, ки Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад дар ҳамон айёми сарнавиштсозу ҳассос маҳз дар сари минбар аз роҳи паймудаи тоҷику таърихи куҳани он сухан гуфтанд. Дар он марҳилае, ки авзояш гаронтасвир буд, онҳо бо ҷасорати тоҷикона ба иддаои нотавонбинон посухи мудаллалу дандоншикан доданд.

Дар таърихи ҳар як халқу миллат афроди фареҳехтае рўи кор меоянд, ки фаъолияти созгору некашонро ҳеҷ гоҳ пасояндагон фаромӯш намекунанд. Халқи тоҷик низ бо ин гуна фарзандони боору номус ифтихор намуда, хотираи онҳоро ҳамеша пос медорад ва ба ному пайкори шоистаи онҳо арҷ мегузорад.

Нақши муҳими Шириншоҳ Шоҳтемур, ба вижа дар равнақу таҳким ва ташаккули давлатдории тоҷикон арзанда аст. Ногуфта намонад, ки Шириншоҳ Шоҳтемур инчунин дар таъсису равнақи ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон ва эҳёи миллати тоҷику давлатдории он хизматҳои беназире кардааст. Ў дар рушди фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои бистум ва сиюми қарни гузашта низ нақши боризе гузошта, на танҳо барои номуси ватандорӣ талош мекунад, балки дар таҳкиму пойдории давлату миллат ҳиссаи сазовор гузошта, умри бобаракати хешро баҳри ҳифзу ҳимояи анъанаҳои таърихиву фарҳангии тоҷик сарф менамоянд.

Шириншоҳ Шоҳтемур ба қатори чунин афроди ватандӯст шомил шуда, зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии ӯ намунаи олии худшиносӣ ва худогоҳӣ барои ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад. Вай дар баробари устод Садриддин Айнӣ, Абдулқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Аббос Алиев, Саидризо Ализода ва дигарон барои бедории тафаккури халқи тоҷик корҳои шоистаеро анҷом додааст. Ӯ ва ҳамсафонаш ҷиҳати таъсис додани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон муборизаи шадид бурда, дар саргаҳи аввалин фидоиёни тоҷик қарор доштанд.

Доир ба нақшу мақоми Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи халқи тоҷик Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ин шахсиятҳо дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ барои пойдории давлатдории тоҷикон ва ҳифзи миллат ҷонбозиҳо кардаанд ва наслҳои имрӯза бояд фаъолияти онҳоро сабақи ибрат ва мактаби мардонагӣ қарор диҳанд».

Дар ҳақиқат, Шириншоҳ Шоҳтемур тамоми маҳорат ва истеъдоди фитрии худро барои ташкили давлати миллӣ равона карда, ба хотири барқарор намудани адолати иҷтимоиву сиёсии халқи тоҷик, дуруст муйян кардани мавқеи он дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва қадима будани ин миллати куҳанбунёд кӯшиш ба харҷ додааст. Вай дар баробари ҳаммаслакони хеш ба муқобили қувваҳои тундрав муборизаи беамон бурда, ҳастии халқашро сарбаландона дифоъ кардааст. Ҳамин ҷоннисорӣ ва ҳақталошии ӯ ва ҳамсафонаш имкон дод, ки Тоҷикистон аввал ба сифати Ҷумҳурии худмухтор ва сипас ба сифати Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёбад ва халқи тоҷик пас аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ гардад.

Ин ашхоси милатдўсти тоҷик кўшиш намуданд, ки то давлату давлатдории азбайнрафтаи тоҷиконро, ки қариб ҳазорсол қабл сукут карда буд, дар низом, моҳият, шаклу қолаби тағйиротҳои ҳудуди нав эҳё намоянд.

Дар охири соли 1929 Шириншоҳ Шоҳтемур бо якчанд фаъолон роҳбарияти ҳизбии ҶШС Ӯзбекистон ва СССР-ро дар бораи зарурати таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон, ки ба ҳайси Ҷумҳурии иттифоқӣ ба СССР дохил мешуд, бовар кунонид. Дар натиҷа, Сеюмин Съезди фавқулоддаи Совети СССР дар санаи 16 октябри соли 1929 Декларатсияро оид ба табдили ҶШО Тоҷикистон ба ҶШС мустақили Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ба ҳайати он Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ва Ўротеппа бо аҳолии тақрибан як миллиону 150 ҳазор нафар дохил шуданд. Ҳамин тариқ, ҶШС Тоҷикистон ҳафтумин Ҷумҳурии пурраҳуқуқи иттифоқӣ дар ҳайати СССР гардид. Ҳамзамон, Шириншоҳ Шоҳтемур ва тарафдорони ӯ барои ҳамроҳ кардани ноҳияҳои Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва Сурхондарё, ки дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монда буданд, ба ҶШС Тоҷикистон баромад мекарданд. Дар ин давра дар байни ду ҷумҳурӣ дар миёнаравии роҳбарияти марказӣ дар бораи тааллуқоти ин округҳо баҳсҳои шадид ҷараён доштанд. Дар натиҷа, танҳо округи Хуҷанд ба ҶШС Тоҷикистон дода шуд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ва тарафдоронаш ба он махсусан сахт исрор меварзиданд, зеро ӯ ба Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) аз ҷумла навишта буд — «мо масъалаи ҳамроҳ кардани округи Хуҷандро ба Тоҷикистон, ки айни замон дар Ӯзбекистон қарор дорад, махсусан таъкид мекунем, зеро ин ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва ин округ комилан мувофиқат мекунад».

Ҳамон вақт дар матбуот тарғиби забони тоҷикӣ ҷараён дошт, муаллимонро даъват мекарданд, ки дар мактабҳо ба фарзандон бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ таълим диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала низ, даъватҳои ӯ оид ба ҳифзи ҳувияти миллӣ шунида шуданд. Дар воқеъ, саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар баробари ташкил намудани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин дар поягузории матбуоти тоҷик бениҳоят бузург буда, маҳз бо кӯшиши ӯ ва дигар зиёиёни бедордили тоҷик нахустин рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷик, аз ҷумла «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Раҳбари дониш» таъсис ёфтаанд.

Хидмати Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамзамон дар нашри асари мондагори устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳимояи манфиатҳои милливу фарҳангии тоҷикон аҳаммияти назаррасе дошт. Маҳз бо ибтикори Шириншоҳ Шоҳтемур устод Айнӣ ба ин кори ниҳоят душвор, вале мояи ифтихор даст зада, дар як муддати кӯтоҳ барои исботи қадимияти халқи тоҷик ва соҳиби девону дафтар будани он, ин тазкираи арзишмандро таълиф мекунад ва рақибони сиёсии замонро ҳушдор месозад, ки тоҷикон халқи бумӣ буда, забон, фарҳанг ва адабиёти куҳан доранд, ки тайи ҳазорсолаҳо ба халқаш хидмат менамояд.

Ин асари комилан пураҳаммият асос гардид, ки ҳастии халқи тоҷик таърихан исбот шавад ва талошҳои ғаразноки гурӯҳҳои миллатчиёни ҳангомахоҳ барбод равад. Тазкираи мазкур инчунин асолати мавҷудияти забони тоҷикӣ ва халқи тоҷикро равшан сохт ва давраҳои ташаккули онҳоро дар ҷараёни таърихӣ дар миёни қавму миллатҳои Осиёи Миёна сареҳу ошкор гардонид. Инчунин, дар асари Абулқосим Лоҳутӣ «Мардистон» оварда шудааст, ки вақте писарони занони ин деҳа ҳамчун қаҳрамон ҷони худро аз даст додаанд, занони ин деҳа бо нангу номус ва ифтихор аз онҳо ёд мекарданд ва агар ҳамчу тарсу ва хиёнатгари ватан бармегаштанд, занони ин деҳа фарзандон ва ё писарони худро қабул намекарданд ва маргро барои онҳо воҷибтар медонистанд. Ба онҳо на марг, балки дар беномусӣ ва шармсорӣ аз байн рафтан даҳшат ба ҳисоб мерафт. Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамрадифони ў ашхоси нотакрори таърихианд. Воқеан, Шириншоҳ Шоҳтемур ягона шахсе буд, ки пас аз пирӯзии болшевикон дар Бухоро барои дифои ҳуқуқи тоҷикон аз ҷониби Кумитаи инқилобии шӯравӣ ваколатдор гардид ва ҳамчун мудири бахши тоҷикии Шуъбаи ақаллиятҳои миллии Кумитаи инқилобии Тошканд дар шароити сахти тақсимоти ҳудуди миллӣ бо матонату ҷасорат барои таъсиси давлати тоҷикон мубориза бурд. Аз ин рў, нақши намоёни Шириншоҳ Шоҳтемур дар чунин ҷанбаҳо хеле мубрам ва муҳим аст:

1.Нақши Шириншоҳ Шотеҳмур дар таҳким ва рушди худшиносии миллӣ ва ташаккули давлатдории тоҷикон;

2.Саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ;

3.Ибтикори Шириншоҳ Шоҳтемур дар раванди ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани вилояти Хуҷанд ва дар табдили Ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати СССР нақши муҳимеро иҷро кард;

4.Ибтикори Шириншоҳ Шоҳтемур бори аввал дар таърихи тоҷикон дар бунёд намудани низоми сиёсии давлатӣ, мақомоти қонунгузорӣ, ҳокимияти судиву иҷроия, артиш ва мақомоти амниятӣ.

Шириншоҳ Шоҳтемур инсони матинирода, сарсупурдаи Ватан ва ҳомии роҳи озодӣ ба ҳисоб рафта, хизматҳои арзандаеро барои халқаш ба анҷом расонидааст. Гарчанде ҳасадхӯрону кинаҷӯён ӯро ба миллатчигӣ гунаҳгор карда, қурбони туҳмати ноҳақ гардонидаанд, вале ӯ наҳаросида, то ба охир дар ақидааш устувор монд ва номи тоҷик ва забони тоҷикиро чун нури дида ҳифз намуд. Дар замоне, ки номи тоҷик аз дафтару девон ва ҳатто забонҳо афтода буд ва аксари тоҷикон таҳти таъқиби шадид қарор доштанд, Шириншоҳ Шоҳтемур барин фарзандони далеру масъулиятшинос худро боифтихор тоҷик эълон карданд ва миллату забонашонро ҳифзу ҳимоя намуданд.

Ин марди шуҷоъ яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Тоҷикистон (соли 1924) ва баъдтар Ҷумҳурии мустақили тоҷикон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1929) маҳсуб мешавад. Охири солҳои панҷоҳум Шириншоҳ Шоҳтемурро «сафед» мекунанд ва ӯ мисли ҳазорҳо тан сарсупурдагони роҳи озодӣ ва истиқлолиятхоҳон аз бадномӣ раҳо ёфта, боз аз сари нав кору пайкори онҳо вирди забонҳо мегардад. Хушбахтона, хидматҳои шоистаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва бисёре аз ҳамсафони ӯ танҳо баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ қадр мегарданд ва ба кору фаъолият ва заҳматҳои кашидаи онҳо баҳои воқеӣ дода мешавад. Онҳо нақши таърихии худро иҷро карда, халқи худро ба кишвари озод ва мустақил расониданд.

Роҷеъ ба осору фаъолияти илмии Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин таҳқиқоте, ки ба нашр расид, очерки сиёсии Андрей Василевич Макашов ва Виктор Александрович Руднитский буд. Ҳамзамон китоби нахуст дар бораи барпокунандагони давлат ва ҳокимияти навини тоҷикон ва барои бегуноҳ баровардани онҳо буд. Очерки сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1964 ба муносибати чиҳилсолагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Ҳамин тавр, дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур муҳаққиқи рус М.С. Топилский дар китоби худ «Ранние зори Таджикистана», (1924-1931) «Воспонимание» (Москва, нашриёти «Наука» 1968) аввалин маълумоти мукаммал ва саҳеҳ овардааст. Дар соли 1970 боз дар бораи Шоҳтемур ду муҳаққиқи дигари рус А.Макашов ва В.Руднитский мақолаи дигаре таҳти унвони «Ходими давлатӣ» дар китоби «Занародное дело» (Душанбе, нашриёти «Ирфон») ба нашр расонидаанд.

Соли 1989 бо қарори КМ ҲИ Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ 90-солагии Шириншоҳ Шоҳтемур қайд гардид. Аммо бузургҳаҷмтарин маърузаҳои олимони тоҷик Ш.Султонов, Р.Масов, М.Назаршоев ва Вишневский А. буд, ки ду конфренсияҳои илмию назариявӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе баргузор гардид. Баъдтар дар бораи ҳаёт ва фаолияти китоби дуввум ба номи «Муборизи роҳи ҳақиқат» (Душанбе, Ирфон), аз тарафи доктори илмҳои таърих академики АИ ҶТ Моёншо Назаршоев ба нашр расид, ки аз рўи характераш осори илмӣ буд.

Корнамоиҳои Шириншоҳ Шотемур танҳо дар замони Истиқлолияти тоҷикон ёдоварӣ ва қадрдонӣ шудаанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шириншоҳ Шоҳтемурро бо Ордени «Дўстӣ» ва соли 2006 бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардониданд. Ин иқдом ташаббуси бузургу инсондўстии саромади таърихи навини тоҷикон, баҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ба хизматҳои таърихии қаҳрамонони тоҷик буд. Дар ин давра ба арсаи мубориза барои муайян намудани сарнавишти миллату давлати тоҷикон як қатор фарзандони баору номуси ватанамон, ба мисли сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ворид шуданд, ки дар натиҷаи кўшишу талошҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳими Шириншоҳ Шоҳтемур ба вижа дар равнақу таҳким ва ташаккули давлатдории тоҷикон арзанда ҳисобидаанд.

Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб мешавад. Хизмати ў дар тақсимоти миллӣ-территориявии Осиёи Миёна ва дастгирии инкишофи маориф, аз чумла мактабҳои кушод нақши муҳим дорад. Инчунин дар рушди маориф саҳми Шириншоҳ хеле назаррас аст. Мутобиқи Санади таърихӣ – «Маъруза дар бораи вазъ дар Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ) аз 4 феврали соли 926 дар қисмати хулосавии худ низ хеле ҷолиби диққат аст. Муаллифони он кўшиш кардаанд, ки бо торҳои нозуки сиёсати идеологӣ ва сиёсатмадорони онвақта «бозӣ карда», ба ҳар навъе ки набошад, камбудиҳоро дар фаъолияти аввалин муассисаи тарбияи кадрҳои омўзгорӣ барои соҳаи маорифи тоҷик бартараф созанд. «Донишкадаи тоҷики маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ) ягона маркази фарҳангӣ барои тамоми тоҷикони Осиёи Миёна мебошад ва аз ин рў он таваҷҷўҳи ҳам ҷонибдорони мактаби нав ва ҳам онҳоеро, ки мехоҳанд ҳар як камбудии Дорулмуаллимини тоҷикиро ҳамчун камбудии тарбия ва таълим дар умум муаррифӣ намоянд, ҷалб месозад. Аз ин рў, комиссия қотеъона талаб мекунад, ки ба Дорулмуаллимини тоҷикӣ бино ба масоҳати зарурӣ ҷудо гардида, фавран ба нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ шуруъ карда шавад.

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз бунёдгузорони таъсиси ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон, эҳёгари миллати тоҷику давлатдории он буда, инчунин, нақши ў дар рушди маорифи тоҷик, талоши ў дар эҳё гардонидани фарҳанги куҳани ниёгони тоҷикон ва баланд бардоштани забони тоҷикӣ хеле назаррас ва муҳим аст.

Дар замони муосир бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон (27 июни соли 2006) сазовор дониста шуд. Ба ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад қаҳрамонии Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Махсус бояд таъкид кард, ки Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ матонат нишон додаанд. Шахсиятҳои бузурге чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад барои пойдории ваҳдати миллӣ ва ҳифзи як порчагии хоки аҷдодӣ талош кардаанд.

Онҳо ҳамчун ватандӯстони ҳақиқӣ ҳамаи ҷонбозиҳои худро баҳри он бахшиданд, ки тоҷикон решаҳои худро аз даст надиҳанд ва на аз дасти замон ва на аз дасти дигар қувваҳо нобуд нагарданд. Ин се шахсияти таърихӣ дар ҷанбаи гуногуни соҳаи маориф сиёсати давлат ва фарҳанги миллат саҳми беназир доштанд.

Бандалиева Ш.Н. – н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология

ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123