Skip to main content

СИЁСАТИ ИНСОНМЕҲВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИМЗОИ АВФИ НАВБАТӢ

Дар ҷаҳони муосир инсондӯстӣ, адолат ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатдориро бар пояи инсонмеҳварӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон роҳандозӣ намудааст. Яке аз зуҳуроти равшани чунин сиёсати инсондӯстона қабули қонунҳои авф ва татбиқи мунтазами онҳо мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авф ҳамчун яке аз муҳимтарин институтҳои ҳуқуқӣ ва башардӯстона дар сиёсати давлатӣ мавқеи махсус дорад. Қабули қонунҳои авф дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати инсонмеҳварона ва ғамхоронаи давлат алоқаманд буда, дар татбиқи он нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда, ташаббуси пешниҳоди лоиҳаи Қонуни авф асосан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Президенти кишвар ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат метавонад лоиҳаи қонуни авфро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Баъд аз муҳокима ва тасдиқи парлумон қонун мавриди амал қарор мегирад.

Авф ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ на танҳо воситаи татбиқи адолат, балки намунаи олии башардӯстӣ ва раҳму шафқати давлат нисбат ба шаҳрвандон мебошад. Таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар солҳои истиқлолият чандин маротиба қонунҳои авф қабул гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандон аз имконияти бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеа бархурдор шудаанд.

Имзои авфи навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат боз як маротибаи дигар аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба сарнавишти инсон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа шаҳодат медиҳад. Моҳияти чунин иқдом дар он ифода меёбад, ки давлат ба шахсоне, ки иштибоҳ содир намудаанд, имкони ислоҳшавӣ ва бознигарии рафтори худро фароҳам месозад. Ин равиш ба принсипҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва сиёсати муосири ислоҳоти ҷиноятӣ мувофиқ мебошад.

Сиёсати авф дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ба таҳкими арзишҳои инсонпарварӣ равона гардидааст. Дар фарҳанги миллии тоҷикон бахшиш, гузашт ва раҳмдилӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус доштаанд. Ин арзишҳо имрӯз низ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, барои таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, авф аҳаммияти муҳими иҷтимоӣ низ дорад. Шахсоне, ки ба ҳаёти озодона бармегарданд, имконият пайдо мекунанд, ки ба оилаҳои худ пайваста, дар фаъолияти меҳнатӣ иштирок намоянд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа зиндагии худро идома диҳанд. Ин омил ба таҳкими оилаҳо, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Муҳим аст таъкид карда шавад, ки авф ба ҳеҷ ваҷҳ маънои сарфи назар кардан аз қонун ва ҷавобгариро надорад. Баръакс, он ифодаи эътимоди давлат ба қобилияти ислоҳшавии инсон ва омодагии ӯ барои зиндагии қонунмандона мебошад. Маҳз ҳамин хусусият авфро ба як воситаи муҳими сиёсати инсондӯстонаи давлатӣ табдил медиҳад.

Таҷрибаи давлатдории навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари қонунҳои авф бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат пешниҳод гардидаанд. Ин иқдомҳо пеш аз ҳама ба таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа равона шудаанд. Махсусан, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, сиёсати авф ба яке аз воситаҳои муҳими таҳкими сулҳ ва оштии миллӣ табдил ёфт.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон, зиёда аз даҳ маротиба қонунҳои авфро қабул намудааст. Ин қонунҳо одатан ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ ва миллӣ, аз ҷумла солгарди Истиқлоли давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, солгарди Конститутсия ва дигар рӯйдодҳои муҳими давлатӣ қабул шудаанд.

Аз ҷумла: Солҳои 1993- 1995. Авфи умумии барои ба ҳам овардани шаҳвандон дар ҷанги дохилӣ

Соли 1997 баъд аз имзои “Созишномаи умумӣ оид ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” аввалин чораҳои васеи авф дар доираи раванди оштии миллӣ татбиқ гардиданд.

Солҳои 1999, 2001, 2004 ва 2006 қонунҳои навбатии авф қабул шуда, ҳазорон нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод гардиданд.

Соли 2007 ба муносибати 10-солагии Ваҳдати миллӣ яке аз калонтарин авфҳо татбиқ гардид.

Соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ қонуни васеи авф қабул шуд.

Соли 2014 ва 2016 қонунҳои навбатии авф қабул гардида, нисбат ба даҳҳо ҳазор нафар татбиқ шуданд.

Соли 2019 ба муносибати 25-солагии “Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин қонунҳои авф дар таърихи кишвар қабул гардид, ки даҳҳо ҳазор нафарро фаро гирифт.

Солҳои баъдӣ низ механизмҳои сабук намудани ҷазо, озодкунии пеш аз муҳлат ва дигар тадбирҳои башардӯстона идома ёфтанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 100 ҳазор шаҳрванд аз қонунҳои гуногуни авф баҳра бардоштаанд. Ин нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷиноятиро танҳо ба ҷазо маҳдуд накарда, ба принсипҳои инсондӯстӣ, ислоҳи шахсият ва мутобиқсозии иҷтимоии шаҳрвандон низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки мақсади асосии авф на танҳо сабук намудани ҷазо, балки фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозгашти шаҳрвандон ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа мебошад. Ин мавқеъ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги суннатии тоҷикон, ки бахшиш, раҳму шафқат ва инсондӯстиро арҷ мегузоранд, мутобиқ мебошад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бисёр кишварҳо бо мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, нигоҳ доштани арзишҳои инсонпарварӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нишон медиҳад, ки инсон ва манфиатҳои ӯ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Қабули авфи навбатӣ низ далели равшани ҳамин сиёсат мебошад.

Бешубҳа, чунин иқдомҳои башардӯстона ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба давлат, болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва тақвияти ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо нишон медиҳанд, ки давлат на танҳо талабгори риояи қонун аст, балки барои ҳар як шаҳрванд имконияти ислоҳшавӣ ва оғози зиндагии навро низ фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, имзои авфи навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати инсонмеҳварона ва инсондӯстонаи давлат арзёбӣ намуд, ки ҳадафи асосии он таҳкими сулҳу субот, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Бедилзола Ҳ.- мудири шуъбаи масоили сиёсии мунсибатҳои байналмилалии ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121