Skip to main content

ТАҲКИМИ СУЛҲ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

(дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)

Сулҳ фарҳанг аст.

Сулҳ масъулият аст.

Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.

Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ибтидои асри XXI инсоният, новобаста аз пешрафтҳои бесобиқаи илмӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, бо як қатор таҳдидҳои ҷиддии глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои башардӯстона, ифротгароӣ, терроризм, муҳоҷирати иҷборӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир бори дигар собит менамоянд, ки сулҳ на танҳо арзиши олии инсонӣ, балки шарти асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар чунин шароит қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дорад.

Ин ташаббус натиҷаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлате, ки дар солҳои аввали истиқлолият ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баъдан тавонист тавассути муколама, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намояд, имрӯз таҷрибаи худро ҳамчун намунаи сулҳофаринӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад. Ин воқеият нишон медиҳад, ки сулҳи пойдор танҳо натиҷаи созишномаи сиёсӣ нест, балки маҳсули ташаккули фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Идеяи эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2024 зимни мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид. Пешниҳоди мазкур аз зарурати муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколама ва таъмини амнияти наслҳои оянда сарчашма мегирифт. Дар шароите, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо идома доранд ва миллионҳо нафар аз паёмадҳои онҳо ранҷ мебаранд, чунин ташаббус аҳаммияти махсус касб намуд.

Пас аз машваратҳои дипломатӣ ва дастгирии васеи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, 25 июни соли 2026 қатъномаи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид. Тибқи он солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон шуданд. Дар қатънома давлатҳои аъзо ба таҳкими фарҳанги сулҳ, мусоидат ба муколама ва мусолиҳа, рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо ва ба инобат гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ даъват шудаанд.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки қабули ин қатънома дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн сурат гирифт. Ин ҳамзамонӣ дорои рамзияти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Барои Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ на танҳо санаи таърихӣ, балки таҷрибаи воқеии барқарор намудани сулҳ, ризоияти миллӣ ва эътимоди ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, қабули ташаббуси нави байналмилалӣ маҳз дар чунин рӯзҳо ҳамчун идомаи мантиқии роҳи тайкардаи давлати Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ мегардад.

Аз нуқтаи назари сотсиология, сулҳ пеш аз ҳама падидаи иҷтимоӣ мебошад. Он на танҳо набудани низоъ, балки мавҷудияти муносибатҳои устувори иҷтимоӣ, эътимоди мутақобила, ҳамкории созанда ва фаъолияти муътадили институтҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Маҳз дар муҳити сулҳу субот ҷомеа имконият пайдо мекунад, ки сармояи инсонӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро пурра истифода барад. Бинобар ин, сулҳ яке аз шартҳои асосии рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар қатъномаи қабулшуда масъалаи муколамаи байни наслҳо яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Ин раванд аҳаммияти махсус дорад, зеро рушди устувори ҷомеа бидуни интиқоли таҷриба, дониш ва арзишҳои фарҳангӣ аз як насл ба насли дигар имконнопазир аст. Дар ҷаҳони муосир, ки бо рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии арзишҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад, тақвияти робитаи байни ҷавонон ва насли калонсол омили муҳимми ҳифзи суботи иҷтимоӣ мебошад.

Ҷавонон ҳамчун неруи асосии рушди ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нақши калидӣ хоҳанд дошт. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тарбияи фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бояд яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҷавонон бошад. Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ин масъала аҳаммияти стратегии махсус дорад.

Қабули қатъномаи мазкур нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори ғояҳое мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ равона шудаанд. Агар ташаббусҳои пешини Тоҷикистон асосан ба масъалаҳои об, пиряхҳо ва рушди устувор бахшида шуда бошанд, ташаббуси навбатӣ масъалаеро дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад, ки барои ҳамаи давлатҳо аҳаммияти ҳаётӣ дорад – таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда.

Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бозгӯи эътирофи нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад. Дар шароити пуртаҳаввули ҷаҳони муосир чунин иқдомҳо аҳаммияти хоссаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, бори дигар собит месозанд, ки сулҳ на танҳо арзиши умумибашарӣ, балки муҳимтарин заминаи рушди устувори ҷомеа, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда мебошад.

Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121