Skip to main content

24 октябри соли 2025 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар мавзуи “Саҳми файласуф, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни За

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

24 октябри соли 2025 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар мавзуи “Саҳми файласуф, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ” ба нақша гирифтааст.

Гузоришҳое, ки ба унвони Конференсия пешниҳод мегарданд, бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гиранд:

• Саҳми Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди фалсафа;

. Таҳқиқи мероси илмӣ-фалсафии Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;

•  Масъалаҳои онтологӣ дар фалсафаи Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ;

• Масъалаҳои гносеология дар таълимоти Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ;

• Тибби руҳонӣ ё фалсафаи ахлоқии Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ;

• Саҳми Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди кимиё, тиб ва илмҳои дигари табиатшиносӣ;

• Таъсири Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ба рушди илму фалсафаи ҷаҳонӣ;

• Фалсафаи Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва аҳамияти он барои фалсафаи муосир.

Гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Гузоришҳои илмӣ бояд дар ҳаҷми аз 7 то 12 саҳифа бо назардошти қоидаҳои навиштани мақола ва гузоришҳои илмӣ то 1 октбяри соли 2025 ба суроғаи зерин ирсол гарданд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тел.: +9923722213949, +992935055204, почтаи электронӣ: rnazariev@yahoo.com; тел: +992918536050, почтаи электронӣ: ramazoni.93@mail.ru.

        Кумитаи тадорукоти Конференсия

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123