Skip to main content

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. БАҲОВАДДИНОВ

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг

Мактуби иттилоотӣ

Моҳи июни соли 2026 шуъбаҳои фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Ташаккули андешаи миллӣ ва таҳаввули низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлол» (бахшида ба таҷлили 95 - солагии фаъолияти илмӣ-омӯзгории доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов) ба нақша гирифтааст. Аз ин рӯ, мақола ва гузоришҳое, ки ба конференсия пешниҳод мегарданд бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гиранд:

• фаҳмиши мафҳуми миллат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар консепсияҳои гуногуни илмӣ;

ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистони шуравӣ ва давраи Истиқлол;

• истиқлоли давлатӣ ва нақши он дар ташаккули андешаи миллӣ;

саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар шинохти ҷадидия ва ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон;

• масъалаи диният ва дунявият дар низоми идоракунии ҷомеаи муосир;

• оодии ақида ва виҷдон дар сиёсати давлатдории муосир.

Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Мақолаҳо ва гузоришҳои илмиро бояд дар ҳаҷми аз 7 то 12 саҳифа бо дар назар доштани қоидаҳои навиштани мақола ва гузоришҳои илмӣ то 10 майи соли 2026 ба суроғаи зерин ирсол намоянд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, шуъбаҳои фалсафаи фарҳанг ва масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.

Тел.: +992918670143, почтаи электронӣsamiev.veshab@mail.ru; тел: +992918670143

Кумитаи тадорукот

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123