Skip to main content

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ: «ТАМОЮЛОТИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТИ ОНТОЛОГИЮ ГНОСЕОЛОГӢ ДАР ФАЛСАФАИ АСРИМИЁНАГИИ ТОҶИК»

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинови АМИТ бо камоли эҳтиром Шуморо ба иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ даъват менамояд!

🗓 Сана: 21 апрели соли 2026

⏰ Оғоз: 9:00

📍 Макон: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33(Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинов)

🗣 Забони корӣ: тоҷикӣ ва русӣ

📑 Самтҳои асосии конференсия:

• сарчашмаҳои ташаккули таълимоти онтологию гносеологии мутафаккирони тоҷику форс;

• масъалаҳои онтологию гносеологӣ дар осори мутафаккирони тоҷику форс дар асрҳои миёна;

• масъалаҳои мубрами онтологию гносеологии фалсафаи муосир;

• баъзе ҷанбаҳои ҳастишиносӣ дар фалсафаи муосири тоҷик;

• назарияи маърифат дар таълимоти машшоия;

• афкори онтологию гносеологии мутафаккирони тоҷику форс ва муқоисаи он бо таълимоти фалсафии мутафаккирони Аврупо;

• ҷанбаҳои муҳими омӯзиши онтология ва гносеология дар фалсафаи муосири тоҷик.

📌 Муҳлати пешниҳоди мақолаҳо: то 15 апрели соли 2026

📞Телефон: +992 933 995 757📧 Email: mustafo2209@mail.ru

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123