АТТЕСТАТСИЯИ ДОКТОРАНТОНИ PhD ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ
Дар доираи сиёсати илмпарваронаи давлат ва дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд.
Дар ҳамин замина, санаи 16-уми январи соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ аттестатсияи навбатии докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) баргузор гардид. Ҳадафи асосии аттестатсия арзёбии сатҳи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пешрафти таҳқиқот ва муайян намудани омодагии докторантон ҷиҳати марҳилаи ниҳоии таҳияи рисолаҳои илмӣ буд.
Ҳайати комиссияи аттестатсионӣ, ки тибқи фармоиши директори Институт таъсис дода шуда буд, ҷараёни фаъолияти илмии ҳар як докторантро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, аз рӯи натиҷаҳо хулоса ва тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Аъзои комиссия ба масъалаҳои риояи нақшаи инфиродии таҳқиқот, сатҳи навоварии илмӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва мутобиқати рисолаҳо ба талаботи меъёрии соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд.
Дар ҷараёни аттестатсия таъкид гардид, ки докторантони PhD вазифадоранд корҳои илмии худро тибқи талаботи муқарраргардида идома дода, рисолаҳои илмиро саривақт ва бо сифати баланд барои дифоъ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, ба онҳо ҷиҳати такмили ҷанбаҳои назариявию методологии таҳқиқот ва таҳкими робитаи илм бо амалия дастурҳои судманд дода шуд.
Ин гуна чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ, таҳкими мактаби илмӣ ва рушди устувори соҳаи илм дар кишвар мусоидат намуда, заминаи мустаҳкам барои пешрафти илм ва маорифи миллӣ фароҳам меоранд.
