ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!
Имрӯз, 30 январи соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд ва ба иштирокчиён барои ҳузури фаъолона изҳори миннатдорӣ баён кард.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои муҳими фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва ташкилии Институт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, мухокима ва тасдиқи нақшаи кори Шурои олимон ва маъмурияти Институт барои соли 2026, инчунин масъалаҳои марбут ба фаъолияти Институт баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ ва магистрӣ, аз ҷумла барои унвонҷӯён, докторантони PhD ва магистрантон, ки аз рӯи ихтисосҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ таҳсил менамоянд, муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
Инчунин, масъалаҳои вобаста ба гузориши оид ба баромад ва нашри мақолаҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ ва пешниҳодҳои шуъбаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа, оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дода шуданд.
