Skip to main content
Мақолаҳо

ДУШАНБЕ – НАМУНАИ ШАҲРДОРИИ МУОСИР ВА ОБОДКОРӢ

Покизагию зебоӣ, сабзу хуррамӣ, гулгулшукуфоӣ, назму низом, риояти қонуну қоидаи пиёдаравону ҳаракати нақлиёт ва ободии шаҳр аз рӯи хусусиятгириҳои этикаю эстетикаи миллӣ ва арзишҳои байналмилалӣ - нишондиҳадаи фарҳангу тамаддун ва ваҳдату ягонагии шаҳрвандон ва роҳбарияти ҳар як шаҳри пешрафтаи замонавӣ мебошад.
Мақолаҳо

ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗ ВА РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯзҳо мо дар арафаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, ки барои мардуми тоҷик як рӯйдоди бисёр муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири ин ҷашни бузур ободкориҳои зиёд мушоҳида мешавад ва мардум бо як муҳаббати беандоза ба ватани аҷдодии худ дар рушди он саҳм мегузоранд.
Мақолаҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒГАРИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ

Яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати тоҷики мо ин давоми солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми Шӯравӣ собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистон низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин таҳавуллоти таърихӣ, ки ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, бо гаронӣ ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба назар намояд, вале ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард.
Мақолаҳо

ЛОЛА – ЗЕБОӢ, НАФОСАТ ВА ШУКУҲИ САҲРО

Гули Лоларо мо ҳамчун гули «Аруси сол», «Маликаи табиат», «Зеби табиат», «Ороиши саҳро» ва дар айни ҳол «Лола – зебоӣ, нафосат ва шукуҳи саҳро» мешиносем, ки дар байни дигар гулҳои худрӯй ва сабзаҳои наврастаи баҳорӣ ҳар фасли баҳор, махсусан дар моҳи апрел ба шукуфтан шурӯъ мекунад. Дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту саҳро, чаману гулгашт ва боғу боғчаҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зеботару ҳаловатбахш менамояд.
Мақолаҳо

КОМЁБИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ ДАР ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МАҚОЛА” БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ!

Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ унвонҷӯи шӯъбаи сиёсатшиносӣ Нусратова Шаҳнозаро ба муносибати сазовори ҷойи сеюм гардидан дар озмуни “Беҳтарин мақола”, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид, самимона табрик ва таҳният менамояд.

Ин дастоварди арзанда таҷассумгари фарҳанги волои китобдӯстӣ, ҷаҳонбинии фарох, тафаккури таҳлилӣ ва эҳсоси баланди масъулияти илмии Шумо буда, аз муносибати амиқу созанда ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои дерини фарҳангӣ шаҳо

Subscribe to Мақолаҳо
23121