АРТИШИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои бунёдӣ ва ҷудонопазири давлатдории ҳар як кишвари соҳибистиқлол ба шумор меравад. Маҳз тавассути неруҳои мусаллаҳ давлат метавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллии худро ҳифз намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид.

Истиқлол – ин диди нав, тафаккури нав нисбат ба халқ, давлат, миллат, фарҳанг ва озодиҳои ҳар як инсон аст, ки намояндагӣ аз он давлат, сарзамин ва тамаддун мекунад. Диди нав бошад, – ин шинохти масъулият назди худ, миллат, забон, фарҳанг, дар назди наслҳои оянда мебошад. Диди нав барои насли имрӯзи тоҷик зодаи Истиқлол аст.