ТЕРРОРИЗМ — ТАҲДИДИ БУЗУРГ БА ОСОИШ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА
Терроризм яке аз мушкилоти аслии замони муосир аст, ки на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин падидаи номатлуб бо истифода аз хушунат ва зӯроварӣ кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлатҳоро ба ҳадафҳои сиёсии худ ҷалб кунад.

Истиқлолият орзуи абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, муарифгари он ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми мустақили худ баромад намуда, имконияти таърихиро баҳри рушди бонизому мустақилонаи он фароҳам меоварад.