ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГӢ- ОМИЛИ ОСОИШТАГӢ ВА РУШД
Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд.

Ҷавонон неруи созандаю қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҳангоме, ки сухан дар мавриди ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд.