Skip to main content

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ОИД БА ТАШАББУСИ НАВИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз 22 июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба аҳаммияти байналмилалии ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамоиши мазкур директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод иштирок намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти таърихӣ ва башардӯстонаи қабули қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро мавриди таҳлил қарор дод.

Мавсуф таъкид намуд, ки қабули ин қатънома далели равшани нуфузу эътибори рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва боз як дастоварди муҳими сиёсати хориҷии давлат ба роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, ифротгароӣ ва дигар буҳронҳои амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ташаббуси мазкур барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус дорад.

Профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳамчунин изҳор дошт, ки таҳкими сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон набуда, балки рисолати муштараки олимон, зиёиён ва тамоми ҷомеа мебошад. Ба андешаи ӯ, муассисаҳои илмӣ метавонанд тавассути таҳқиқоти илмӣ, тарғиби арзишҳои инсонпарварӣ ва рушди фарҳанги сулҳ дар татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсолаи байналмилалӣ саҳми арзишманд гузоранд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаи мазкурро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди бузурги дипломатияи сулҳофаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он иброз доштанд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121