Skip to main content

МУАРРИФИИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ АЗ РӮЙИ ИХТИСОСИ СОТСИОЛОГИЯ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имрӯз дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими муаррифии Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси сотсиология баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва кормандони институт иштирок намуданд.

Нахуст директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод доир ба аҳаммияти таъсиси шӯрои диссертатсионӣ дар самти рушди илмҳои иҷтимоӣ, бахусус сотсиология, суханронӣ намуда, таъкид кард, ки фаъолияти чунин шӯроҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ нақши муҳим мегузорад.

Зимни чорабинӣ намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, фармоиши марбут ба таъсиси шӯрои диссертатсиониро қироат намуд ва ба ҳайати он дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу кард.

Қайд гардид, ки таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси сотсиология қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори илмии кишвар ва рушди минбаъдаи илмҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, барои тайёр намудани муҳаққиқони ҷавон ва густариши таҳқиқоти муосири иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123