Skip to main content

КОМЁБИИ НАВ ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи илмии Шукурзода Саодат Нусратулло барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.2. «Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ» баргузор гардид.

Ҷаласаи Шӯро таҳти роҳбарии раиси он Қувватзода Сайдуло Зувайд доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шуд. Роҳбари илмии унвонҷӯ Саидов Абдулманон Саторович доктори илмҳои фалсафа, профессор, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» мебошад.

Мавзӯи рисолаи илмӣ «Иштироки занон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳлили сиёсӣ)» буда, ба таҳқиқи нақш ва иштироки занон дар равандҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатсозии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Зимни ҳимоя Шукурзода С. Н. натиҷаҳои асосии таҳқиқоти худро муаррифӣ намуда, ҳадафу вазифа, асосҳои назариявию методологӣ ва аҳамияти илмии натиҷаҳои бадастомадаро шарҳ дод. Дар муҳокимаи рисола аъзои Шӯро ба ҷанбаҳои гуногуни таҳқиқот саволҳо пешниҳод намуда, унвонҷӯ ба онҳо посухҳои асоснок ироа кард.

Таҳқиқоти мазкур масъалаи иштироки занонро дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нақши онҳо дар равандҳои давлатсозӣ ва рушди иқтидори роҳбарии занон мавриди таҳлили илмӣ қарор дода, аҳамияти иҷтимоӣ ва сиёсии ин равандҳоро бозгӯ менамояд. Омӯзиши чунин масъалаҳо барои таҳкими заминаҳои илмии сиёсати иҷтимоӣ, рушди фарҳанги сиёсӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои иштироки фаъоли занон дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Ҳимояи рисолаи Шукурзода С. Н. дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди таҳқиқоти сиёсӣ, омодасозии кадрҳои илмии соҳибтахассус ва омӯзиши масъалаҳои мубрами давлатсозии миллӣ шаҳодат медиҳад.

Шукурзода Саодат Нусратуллоро ба муносибати ин дастоварди муҳими илмӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва касбӣ, таҳқиқоти тозаи илмӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илму маърифат комёбиҳои бештар орзу менамоем.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121