ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ ИФС-И АМИТ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БОСТОНИИ САДА
Ҳамкасбони гиромӣ, устодон, муҳаққиқон ва ҳаводорони илму фарҳанги миллӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бостонии Сада, ки яке аз ойинҳои куҳан, пурмазмун ва саршор аз маъноҳои фалсафию маънавии тамаддуни ориёӣ мебошад самимона табрик мегӯям.
Сада ҳамчун ҷашни рӯшноӣ, гармӣ ва умед, дар тафаккури таърихию фалсафии аҷдодони мо мавқеи хоса дошта, ифодагари муборизаи абадии некӣ бо бадӣ, дониш бо ҷаҳолат ва созандагӣ бо вайронкорӣ мебошад. Ин ойини куҳан на танҳо падидаи тақвимӣ, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии инсонмеҳвар, табиатгаро ва хирадмеҳвари миллати тоҷик аст.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сиёсати фарҳангсолорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои маънавии ниёгон эҳё гардида, ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, ба унсури муҳими худшиносии миллӣ ва ифтихори таърихии ҷомеа табдил ёфтаанд. Ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шудани ҷашни Сада далели равшани эътирофи ҷаҳонии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.
Дар мафкураи бостонии мо, оташ рамзи покӣ, нур, ҳаёт ва неруи созанда маҳсуб мешуд. Афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада на танҳо амали рамзӣ, балки паёми фалсафии бедорӣ, равшанандешӣ ва оғози марҳалаи нави зиндагӣ ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Сада ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз, инсонро ба умед, ҳаракат, ободкорӣ ва омодагӣ ба баҳори ҳаёт даъват мекунад.
Сарчашмаҳои муҳими таърихию илмӣ, аз ҷумла осори Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, гувоҳи онанд, ки Сада ҷашнест, ки инсонро ба ҳамбастагӣ бо табиат, ҷомеа ва худи хеш раҳнамун месозад. Ин ойин аз қадим омили таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа будааст.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо мушкилоти ҷиддии маънавӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯст, баргашт ба арзишҳои асили миллӣ ва истифодаи иқтидори муттаҳидсозандаи ҷашну ойинҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ин ҷашн моро ба эҳтироми табиат, масъулияти иҷтимоӣ, тафаккури созанда ва зиндагии маърифатмеҳвар ҳидоят менамояд.
Бо истифода аз ин фурсати муборак, бори дигар ҳамаи Шуморо бо ҷашни пуршукуҳи Сада самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, илҳоми эҷодӣ, муваффақиятҳои илмӣ, саодати рӯзгор ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу субот, пешрафти устувор ва гулгулшукуфии рӯзафзун орзу менамоям.
ИДИ САДА МУБОРАК БОД!
Бо эҳтиром, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод доктори илмҳои фалсафа, профессор, Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
