ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ФАЛСАФАИ ХУДОГОҲИИ ҶОМЕА
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин неъмат, заминаи эҳёи асолати тарихию фарҳангӣ ва роҳи устувор ба сӯи бунёди ҷомеаи навин мебошад. Дар тӯли сӣ ва панҷ соли соҳибихтиёрӣ, кишвари мо зери сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз санҷишҳои сахти таърихӣ гузашта, ба марҳилаи созандагию ободонӣ ва таҳкими арзишҳои худогоҳӣ қадам гузошт.
