Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро илова накардааст.[7,48] Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст.