Skip to main content
Мақолаҳо

ФАРҲАНГИ АСИЛ БА ДОНИШМАНДОНИ АСИЛ ҚОИМУ ПОБАРҶОСТ

(Ба хотираи неки устоди равоншод – Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф., профессор Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев бахшида мешавад)

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Мақолаҳо

ҶОМЕАИ МАХЛУТИ РАҚАМӢ: АЗ ТАХАЙЮЛ ТО ВОҚЕИЯТИ НАВОВАРОНА

Гибридӣ-ҳамчун муҳити дугонагии муосири ҳастии инсон. Падидаи махлутият (гибридност), таҷдиди назари он аз тарафи шуури инсон ва «бозтаинии худ» яъне шароити нави ҳастӣ-иҷтимоӣ тақозо мекунад, ки фаҳмиши анъанавии техника ҳамчун абзори итоаткор наметавонад мустақилияти хоси техникаи даврони муосир ва таъсири тағйирдиҳандаи онро барои ҷомеа ба таври кофӣ шарҳ диҳад. Пас савол ба миён меояд: ин феномен чист?(гибридност) чист? Оё ин истилоҳ фарогир аст?.
Мақолаҳо

БА ҶУЗ ИШҚ, БА ҶУЗ МЕҲР, ДИГАР ТУХМ НАКОРЕМ...

Бузургдошт ва назари амиқ намудан ба таърих ва фарҳангу адабиёти ғании ниёкон яке аз падидаҳои нодиртарини Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Махсусан баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ дар самти шинохти шахсиятҳои варзидаи миллат аз ҷумлаи амалҳои неки даврони Истиқлолият аст. Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳар сол дар таърихи 30 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, боз як бор моро ба сӯи баҳри маънии шеъри Мавлоно мебарад.
Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ –ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ЗАРАРОВРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ буда, дар давраҳои гуногуни рушди давлатдорӣ шаклҳои мухталиф гирифтааст. Пайдоиши институтҳои давлатӣ, тақсимоти ваколатҳои идоракунӣ ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ замина фароҳам оварданд, ки дар баробари фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, ҳолатҳои истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ низ ба вуҷуд оянд. Аз ин рӯ, масъалаи коррупсияро наметавон танҳо ба шароити ҷомеаи муосир маҳдуд намуд.
Мақолаҳо

ВИЖАГИҲОИ ФАЛСАФИИ ОСОРИ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА НОСИРИ ХУСРАВ

Ин мақола маънии мубрамияти вижагиҳои фалсафиро аз нуқтаи назари Ҷалолуддини Балхӣ ва Носири Хусрав баррасӣ мекунад. Ҷанбаи ахлоқии бисерандешӣ низ ба вижа таваҷҷуҳи касро бештар оиди масоили мубраме маҳтуф мегардонад, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна дар асарҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар мутафаккирон низ ба таври рамзу масал муаррифӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, калимаи "плюрализм" аввалин бор дар ибтидои асри XVIII аз тарафи Кристиан Волф, дар муқобили пайравони Лейбнитс оиди монада ва шаклҳои мутафовути дуализм пешгӯӣ шуда буд.
Мақолаҳо

МАСЪАЛАҲОИ ҶАНГ ВА СУЛҲ ДАР ТАЪЛИМОТИ МАВЛОНО

Дар арафаи ҷашни 800-умин солгард аз зодрўзи мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси ин нобиғаи беназир ва аҳамияти беандоза бузурги онро барои ҷаҳони муосир баррасӣ намуда, қайд карда буданд: «Ҷалолуддини Румӣ дар давроне зистааст, ки пур аз воқеъа ва моҷароҳои сиёсиву иҷтимоӣ буд… ва табиист, ки ин наметавонист ба эҷодиёти ў бе таъсир бимонад.
Мақолаҳо

ТАЪСИРИ АФКОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪНАВИЁТИ МАВЛОНОИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ маъруф ба Мавлавӣ, Мавлоно, Мавлавии Румӣ аз маъруфтарин шоирон ва орифони тоҷику форс дар асри Х111 буда, бузургтарин мутафаккири дунёи маънавӣ дар таърихи афкори мардуми Шарқ ба ҳисоб меравад. Ӯ як шахсияти нотакрор дар илму адаб ва фарҳанги мардуми тоҷику форс, махсусан, фалсафаву ахлоқ-ирфон ва иҷтимоъ буд.
Subscribe to Мақолаҳо
23121