МЕҲРГОН – УСТУВОРИИ МЕҲРУ ПАЙМОНҲО, МЕҲР ВА БАРАКАТ
Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми эронитабори даврони бостон дар баробари Сада, Наврӯз ва Тиргон мебошад, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо дар пайвандӣ буда, дар идомаи ҳам омада, рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ин ойинҳо намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми форсинажод мебошанд, ки сабаби сарфарозии ҳар яке аз мост.
