Skip to main content
Мақолаҳо

ЗАБОНИ ДАЛАТӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ СИФАТ ВА САМАРАНОКИИ ҚОНУНҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚТАТБИҚКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нақши забони модарӣ, аз ҷумла забонҳои қадима дар ташаккули ҳар як миллату халқият хеле мавқеи назаррасро дошта, дар ошкор намудани асрорҳои ниёгон муҳим арзёбӣ мегардад. Агар мо забони ниёгонамонро намедонистем, пас аз он хабардор намешудем, ки «аҳдномаи никоҳ», ки имрӯз қариб яке аз шартҳои асосии бастани никоҳ ба ҳисоб меравад дастоварди халқи тоҷик мебошад.
Мақолаҳо

МАВЛОНО АЗ НИГОҲИ МУТАФАККИРОНИ ГУЗАШТА ВА МУОСИРИ ШАРҚУ ҒАРБ

Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ӯро дар таълифоташон «Мавлоно ва тамуддуни инсонӣ» ҳамчун «ориф, шоир ва инсонгарои ростин» баҳогузорӣ намудаанд, аз зумраи он нобиғагони миллати куҳанбунёди мо, чун Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳофизу Умари Хайём аст, ки на танҳо дар Шарқи асримиёнагиву имрӯза, балки дар Ғарби Замони наву даврони муосир низ маълуму машҳур мебошад.

Мақолаҳо

РАВШАНГАРИ ОЛАМИ МАЪНӢ

Инсон дар миёни дигар махлуқот ягона мавҷудотест, ки моҳияти вуҷуди хешро дар танҳоӣ ҳеҷ гоҳ ба маънӣ кашида ва дарк кардан имкон надорад. Чун моҳияти ӯ дар робита ва ҳамбастагӣ бо дигарон буда, кӣ будани ӯ ва чӣ мақом доштанашро дар ин олами ҳастӣ метавонад муайян намояд. Аз чӣ гуна устувории ҳамбастагию вобастагӣ доштани ин робитаҳо инсон дар ченаки чунин меъёрҳо ба сатҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ мушараф мегардад. Барои маърифат кардани ин меъёру ченак ҳамоно барои инсон вуҷуди шахси дилогоҳ, роҳнамо ва ҳидоятгари фардои дурахшон - Устод зарур аст.

Мақолаҳо

РЕЛИГИОЗНЫЙ ЭКСТРЕМИЗМ КАК ФАКТОР ИСЛАМОФОБИИ В ЦЕНТРАЛЬНО-АЗИАТСКИХ ГОСУДАРСТВАХ

В современном мире явно наблюдается оживление процессов религиозного самосознания, возрастание интересов к различным религиозным институтам и организациям, так и к отдельным религиозным проблемам и убеждениям.
Мақолаҳо

МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВОБАСТА БА ХУСУСИЯТҲОИ ГУРӮҲҲОИ ИҶТИМОӢ

Экстремизм дар миёни як гурӯҳи иҷтимоӣ аз гурӯҳи иҷтимоии дигар фарқ мекунад, он вобаста аз як доира нисбат ба доираи дигар хусусиятҳои худро дорад. Масалан, руҳияи экстремизм ва муқовимат ба он дар доираҳои ҷавонон, занон, хонаводаҳо ва ё ҷомеаҳои мазҳабӣ ва ғ. аз ҳам фарқ мекунад.

Баъзе хусусиятҳои экстремизмро дар мисоли паҳншавӣ миёни ҷавонон баррасӣ мекунем, зеро ин падидаи номатлуб, пеш аз ҳама, ба доираҳои ҷавонон хос аст.

Мақолаҳо

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ВА МАВЛОНО ҶАЛОЛИДИНИ БАЛХӢ

Мавзуи таълиму тарбия яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин мавзуъҳо дар адабиёти тоҷик аст. Шоирону нависандагони тоҷик дар давраҳои гуногун ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд, зеро таълиму тарбия на танҳо омили асосии рушди шахсият ва ҷомеа, балки воситаи пойдории фарҳангу маънавият ба шумор меравад.

Subscribe to Мақолаҳо
23121